Файзи истиқлол

№110-111 (4693-4694) 08.09.2023

Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ таъсиси ноҳияи Балҷувон мебошад

БАЛЧУВОНЯке аз дастовардҳои беназири мардуми ноҳияи Балҷувон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъсисёбии ноҳия мебошад, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Дар ин давраи начандон зиёди таърихӣ ноҳия ба дастовардҳое ноил гардид, ки ба садсолаҳо баробар мебошад. Дар ин давра рушди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маишию хизматрасонӣ таъмин гардида, ба беҳтаршавии сатҳи рӯзгори мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи устувор гузошт.

Дар ин давра яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ — соҳаи маориф ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, бо истифода аз ҳамаи имконият 37  муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 асосӣ ва 11 ибтидоӣ, бо 2574 ҷои нишаст, ба истифода дода шуданд.

Дар соҳаи тандурустӣ 26 иншоот, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи қитъавӣ, 15 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази саломатӣ ва Маркази байналмилалии «Тавонбахшӣ» мавриди истифода қарор дода шудаанд.

12 иншоот, аз ҷумла Қасри фарҳанг бо 360 ҷои нишаст, гулгашти «Балҷувон», Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия аз зумраи иншооти ба истифода додашудаи соҳаи фарҳанг мебошанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ панҷ маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сафари корӣ анҷом дода, дар доираи онҳо зиёда аз 35 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти маишию хизмат­расониро мавриди истифода қарор додаанд. Ҳар як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон марҳилаи нави тараққиёти ноҳияро оғоз бахшида, ба бунёди даҳҳо иншоот ва амалисозии барномаҳои маҳаллӣ замина фароҳам меорад.

Ба шарофати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018 таҳти № АП-1059 вобаста ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон 386 иншоот ба истифода дода шуд.

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ эъмори 257 иншоот пешбинӣ гардида, 51 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Дар 53 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Ин дастовардҳо самараи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ноҳияи Балҷувон дорои табиати зебою нотакрор буда, ҷойҳои таърихию фарҳангӣ барои рушди сайёҳӣ мусоид мебошад.

Бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли  2001 ноҳияи Балҷувон минтақаи туризми байналмилалӣ эълон гардида, рушди инфрасохтори соҳа сол аз сол такмил ёфта истодааст. Ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби ноҳия боздид менамоянд, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши назаррас дорад.

Мардуми шарифи ноҳия хуб дарк мекунанд, ки истиқлолияти давлатӣ бениҳоят муқаддас буда, шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Балхиё ҲАҚНАЗАРЗОДА,

муовини раиси ноҳияи Балҷувон