Файзобод: Бунёди иншооти ҷашнӣ дар деҳоти «Ҷавонон»

№9 (3959) 22.01.2019

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бунёди иншооти таъиноти гуногун вусъати тоза пайдо намудааст. Аз ҷумла, сохтмони муассисаи таълимии замонавӣ дар деҳоти «Ҷавонон» аз ҷониби соҳибкорон идома дорад. Он барои 640 хонанда пешбинӣ шуда, дорои 12 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки солҳои зиёд дар деҳаи Саричашмаи деҳоти «Ҷавонон» набудани муассисаи таълимӣ мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт. Хонандагон  барои донишомӯзӣ масофаи зиёда аз се километр роҳро тай намуда, қисме ба мактаби деҳаи Ҷонварсӯзи деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ва қисми дигар ба мактабҳои маркази ноҳия мерафтанд, ки ин ҳолат, махсусан, дар фасли зимистон боиси ташвиши ҷиддии волидайн мегардид. Акнун бо сохта ва ба истифода додани иншоот хонандагон дар муассисаи таълимии замонавӣ таълими илм ва тарбия хоҳанд гирифт.

Сохтмони Маркази саломатии деҳаи Дубедаи деҳоти «Ҷавонон» низ дар арафаи анҷомёбист. Алҳол дар он корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳамчунин, дар деҳаи Дубеда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ашӯралӣ Абдуғафоров сохтмони Маркази хизмат­расонӣ дар арафаи анҷомёбист. Дар сурати ба истифода додани он зиёда аз 30 сокини деҳот бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Маркази хизматрасонӣ аз меҳмонхонаи замонавӣ, ошхонаи таомҳои миллӣ, ҳаммом, нуқтаи фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ҳавзи шиноварӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»