Файзобод. Норасоии об деҳқононро маъюс кардааст

№№14 (3964) 05.02.2019

Боре узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода аз кори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия изҳори қаноатмандӣ кард. — Соли гузашта, — гуфт ӯ, — қариб 300 гектар майдони кишт аз хатҳои обёрикунанда шодоб гардиданд. Боз даҳҳо гектар майдони сабзавот ва полезӣ. Ҳамин тариқ, соли 2018 масъулияти бештар ба зиммаи Нусрат Саидмуродов вогузор шуд, зеро аз порсола зиёдтар картошкаю сабзавот кишт кардем.

Нусрат Саидмуродов ҳафт сол боз роҳбарии муассисаи зикршударо ба уҳда дорад. Аз хусуси об ва нигоҳдории замин сухан кушоӣ, мутафаккирона мегӯяд: «Об ҷони замин аст».

Ду сол пеш идораи мазкур «Корхонаи беҳтарин» эътироф гардида, сазовори мукофот гардид. Даҳ — дувоздаҳ сол пеш, ки «Идораи хоҷагии оби Файзобод» ном дошт, дорои иморати алоҳидаи серутоқ ва боғи мевадиҳанда буд. Роҳбарони пешина қисми зиёди онҳоро хусусӣ карданд.

Муассиса фаъолияти хуб дораду корҳои зиёдро иҷро мекунад. Обтаъминкунии 1300 гектар замин ба зиммаи он аст. Миробҳо вазифаашонро софдилона иҷро мекунанд. «Ташнаро об додан савоб аст», — мегӯяд Нусрат Саидмуродов. Муҳандиси техникӣ Абдуқаҳҳор Солеҳов ва мутасаддии хатҳои об Саид Каримовро «ду қаноти мустаҳками худ» медонад. Хеле сол мешавад, ки онҳо пайи шодобкунии заминҳои ташналаб ҳастанд.

Ду сол пеш 41 корманди идора пурра аз буҷет маош мегирифтанд. Акнун бо дастури Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат 17 нафар аз ин ҳисоб, боқӣ аз рӯи хизматрасонӣ, яъне аз ҷамъоварии ҳаққи об моҳона мегиранд. Мешавад, ки соҳибони замин, онҳое, ки аз оби каналҳои мавҷуда истифода мебаранд, ҳаққи истифодаи обро сари вақт намепардозанд. Ин, албатта, ба пешравии кор монеъ мегардад.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ булдозер ва экскаватори хурд дорад, ки барои таъмири се канал («Гумбулоқ», «Файзобод», «Даштимарзо») ва ду қитъаи чоҳи амудӣ, воқеъ дар мавзеъҳои Қуруғ ва Фақиробод басандагӣ намекунад. Роҳбари корхона роҳҳои аз вазъият баромаданро ҷустуҷӯ намуда, ба мақсадҳо ноил мегардад ва ҳеҷ гоҳ аз мушкилот шиква намекунад. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳори ҳамин сол барои тоза кардани каналҳо 1,5 тонна сӯзишворӣ ҷудо карда, пардохти ҳаққи экскаватори кирошударо низ ба зимма гирифт. Бо сӯзишвории ҷудошуда 3 километр канали 6,5 — километраи «Хӯҷамард» аз хоку қум тоза карда шуд. «Хӯҷамард» аз дарёчаи Элок сарчашма гирифта, аҳолии шаҳрак ва 100 гектар замини хоҷагии деҳқонии ду ҷониби шоҳроҳро бо об таъмин мекунад.

Бояд гуфт, ки пойгоҳи обпартоии «50 — солагии Тоҷикис­тон», ки аз дарёи Кофарниҳон то дашти Оқчопар тӯл мекашад, мушкили зиёд пеш овардааст. Он ба шаҳри Ваҳдат тааллуқ дораду канали «50 — солагии Тоҷикистон» ба ноҳияи Файзобод. Гаронии нархи барқ имкон намедиҳад, ки кори мунтазами пойгоҳ ба роҳ монда шавад, вагарна садҳо гектар замини обталаби шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод шодоб гашта, садҳо тонна пиёзу картошкаю помидор ва дигар полезиҳо рӯёнидан мумкин аст. Имсол деҳқонони ду хоҷагии ноҳия, бо умеди он ки аз канали зикршуда об мегиранд, ду баробари солҳои пешин картошка кишт карданд. Лекин умедашон ба бод рафт ва маблағу заҳматашон зоеъ шуд.

Умуман, пойгоҳи «50 — солагии Тоҷикистон» ба кумаки идораҳои марбута ниёз дорад. Агар кори он дуруст ба роҳ монда шавад, ба гуфтаи раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода «600 гектар картошказор ва 1000 гектар майдони сабзавот дар сурати сероб шудан якуним-ду баробар зиёд ҳосил медоданд».

Ҷӯрабек МӮМИН,

журналист