Бинои парлумонро Сер Эдвин Лютенс ва Сэр Герберт Бейкер тарроҳӣ кардаанд, ки масъули сохтмони умумӣ ва банақшагирӣ дар Деҳлӣ буданд. Санги аввали бинои парлумон 12 феврали соли 1921 гузошта шуд. Сохтмони он шаш сол тӯл кашидааст.
Интиқоли расмии қудрат аз Бритониёи Кабир ба Ҳиндустон дар толори марказии парлумон 14 — 15 августи соли 1947 сурат гирифт.
Китобхонаи парлумони Ҳиндустон дувумин китобхонаи бузурги ин кишвар аст. Бинои онро Суди Олии Ҳиндустон пас аз ба истиқлолият расидан муваққатан ҳамчун толори суд истифода бурдааст.
Нусхаҳои ибтидоии Конститутсияи Ҳиндустон, ки бо забонҳои ҳиндӣ ва англисӣ бори аввал аз ҷониби аъзои Маҷлиси муассисон таҳия шуда буданд, дар китобхонаи парлумон нигоҳ дошта мешаванд.
Бинои парлумони Ҳиндустон конусшакл сохта шудааст ва даври он 536,33 метрро ташкил медиҳад.
Дар даромадгоҳи парлумони Ҳиндустон навишта шудааст: «Дарро ба рӯи мардум боз бигзоред. Онҳо барои расидан ба соҳибихтиёрӣ ба ту менигаранд».
Таҳияи ВОРИС,
«Садои мардум»