Як рӯз баъди Иди шарифи Рамазон, ки сокинони деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ» мехостанд аз пайи корҳои деҳқонии худ шаванд, табиати нозпарвари кӯҳистон болои онҳо фалокат овард.
Соати 1700 вақти маҳаллӣ сели азим аз дараи Ҳалқарф поин фуромад ва як қисми деҳаҳои номбурда таги сел монд. Сел аз болои хонаҳо мегузашту мардуми бадаҳшатафтода ҷониби ҷойҳои бехавф мегурехтанд.
Тобистони имсола хеле гарм омад ва аз меъёри муқаррарӣ баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сатҳи обшавии пиряхҳо дар ноҳияи Рашт оварда расонд. Ҳамон рӯз дар мавзеи осебрасида жолаи сахт борид ва пиряхи ҷудошуда пеши роҳи обро банд кард.
Дар натиҷа, қисме аз деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф зери хоксел монданд. Тибқи маълумоти ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ як нафар ҳалок гардидааст. Аз офати табиӣ 60 хонаи истиқоматӣ дар деҳаҳои Ҳалқарфу Бедак зери сел монда, беш аз 40 хонаводаи дигар қисман зарар дидаанд. Панҷ нуқтаи таъмини барқ нобуд гардид. Дар масофаи ду километр роҳҳои деҳа вайрону валангор шуданд. Хатти оби нӯшокие, ки маркази ноҳия — шаҳраки Ғармро таъмин менамуд, таги сел мондааст. Ҳамчунин тахминан 25 гектар заминҳои наздиҳавлигии сокинони ин деҳаҳо зери сел монд. Миқдори зиёди боғҳои мевадиҳанда низ хароб шуд.
Худи ҳамон бегоҳ дар маҳали офати табиӣ соатҳои 1800 таҳти сарварии раиси ноҳия Қаноатшоҳ Лоиқзода ситоди ноҳиявӣ ташкил карда шуд. Ситод тавонист ҳамон шаб тамоми мардуми ду деҳаро ба ҷойҳои бехавф кӯчонад. Дар ин кори хайр кормандони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақа ва ноҳияи Рашт саҳми сазовор гузоштанд. Ситоди ноҳиявӣ соати 2300, баъди ҷо ба ҷо намудани сокинони зарардида дар ҷойҳои бехавф, ҷаласа баргузор намуда, вазифаи аъзои худро барои рӯзи дигар муайян намуд.
21 июли соли 2015 бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Рашт омад. Дар ин сафар Сарвазири ҷумҳуриро намояндагони вазорату кумитаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ менамуданд.
Сарвазири мамлакат ва гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф, ки аз офат зарари ҷиддӣ дидаанд, мулоқот намуданд. Қоҳир Расулзода, пеш аз ҳама, салому паёми Роҳбари давлатро ба мардум расонид ва иброз дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои душвор бо мардуми диёр ғамшарик аст.
Нисфирӯзӣ таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситод оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода ба ҳозирин оид ба вазъият маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Сарвазири мамлакат тамоми сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳоро андешанд. Бо дастури ӯ се комиссия таъсис дода шуд, ки барои низоми кор дар ин мавзеъ масъуланд.
Бо дастури Қоҳир Расулзода таҳти сарварии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Шоев ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуд.
Баъди суҳбат бо зарардидагон Сарвазири мамлакат аз мавзеи бунёди деҳаи нав боздид ба амал овард. Дар мавзеи Сафедкӯҳ барои бунёди деҳаи нав ҳашт гектар замин ҷудо карда шуд. Дар ин ҷо низ бо масъулини идораҳои сохтмонӣ, вазоратҳои мутасаддӣ ҷиҳати ҳар чӣ зудтар фароҳам овардани шароит барои зарардидагон дастуру супоришҳо дода шуд.
Сарвазири мамлакат диққати ҳозиринро ба сохтмони хонаҳо, таъминот бо масолеҳи сохтмонӣ, бунёди мактаб, мағозаҳо, бунгоҳи тиббӣ, интиқоли оби ошомиданӣ ҷалб намуд. Вай таъкид кард, ки бояд тамоми корҳои иҷрошуда аз рӯи адолат ва инсоф ба анҷом расонида шаванд. Бояд тарзе рафтор кард, ки ягон нафар аз сокинони зарардидаи деҳаҳои номбурда норозӣ набошанд. Дастур дода шуд, ки комиссия оиди баҳисобгирии хисорот дар давоми ду рӯз тамоми зарари расидаро ба ҳисоб гирифта, дар ин бора ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисоботи муфассал пешниҳод намояд.
-То фаро расидани фасли зимистон фурсати кам мондааст,- ҳушдор дод Сарвазири мамлакат. – Мо бояд талош кунем, ки то он давра сохтмони хонаҳои истиқоматиро пурра ба анҷом расонем ва нагузорем, ки ягон хонавода дар берун монад. Шукрона, ки барои амалӣ намудани ин нияти хайр тамоми имконият фароҳам аст.
Сокини деҳаи Бедак — собиқадори ҷангу меҳнат Ҷангӣ Абдуллоев барои чунин ғамхориҳои саривақтӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардуми зарардида арзи сипос намуд. Мавсуф, аз ҷумла гуфт, ки мо — сокинони деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф ба Сарвари давлатамон изҳори миннатдорӣ менамоем. Ҳанӯз шаби гузашта, баъди ҷо ба ҷо намудани мардуми осебдида, одамон дар бораи фалокати рухдода бо алам ҳарф мезаданд ва якдигарро тасаллӣ медоданд, ки Сарвари давлат онҳоро фаромӯш намекунад, ҳатман кумаку ғамхорӣ менамояд. Мо медонем, ки дар дигар гӯшаву канори кишварамон низ аз ҳодисаҳои табиӣ мардум зарар дидаанд. Бо вуҷуди ин, шукрона мекунем, ки роҳбарияти баландмақоми мамлакат барои расонидани ёрии саривақтӣ ба зарардидагон чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Ин гувоҳи адолату раиятпарварии Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ин рӯзи фалокатбор намояндагон аз ноҳияи Ҷиргатол бо сарварии раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, ноҳияи Тоҷикобод бо сарварии раиси ноҳия Ҳусейн Ализода ва ноҳияи Нуробод бо сарварии раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода ба ҷойи осебрасида омада, ба сокинони деҳаҳо изҳори ҳамдардӣ намуданд ва гуфтанд, ки сокинони ноҳияҳои ҳамсоя омодаанд, ки дар барқароркунии ҷойҳои харобгардида ва бунёди деҳаи нав саҳми худро бигузоранд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. Ризвонов