Ба 36 нафар сокинони деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор, ки рӯзи 25 – майи соли 2024 бар асари боришоти зиёд манзилҳои истиқоматиашон вайрон гардида буданд, хонаҳои наву замонавӣ супорида шуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ доданд, хонаҳои истиқоматӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ва раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф ба соҳибонашон супориданд.
Сарвазири мамлакат бо сокинони аз офати табиӣ зарардида суҳбат карда, гуфтанд, ки ин иқдом бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар кутоҳтарин муҳлат соҳиби чунин хонаҳои барҳавои замонавӣ гардидед.
Иттилоъ дода шуд, ки хонаҳои истиқоматӣ аз 3 ҳуҷрагӣ иборат буда, инчунин дорои ҳаммом ва ошхона мебошанд.
Дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор дар баробари бунёди манзили истиқоматӣ, инчунин бунгоҳи тиббӣ, роҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ барои сокинон сохта, мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»