Фархор. Бунёдкорӣ дар авҷ аст

№60 (4322) 04.05.2021

Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Саидобид Ҳафизов иттилоъ дод, моҳи сентябри соли 2021 дар ноҳия бунёд ва навсозии 470 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар се моҳи аввали соли 2021 аз иншооти банақшагирифта 44 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи ҷавонону наврасон сохтмони 29 синфхонаи иловагӣ барои 800 ҷойи нишаст ва бо аёнияту дигар лавозимоти дарсӣ муҳаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 38, 20, 52, 47 ва 5 идома доранд.

Дар робита ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, дар ноҳия 23 корхонаи хурди саноатӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»