ФАРХОР. ДЕҲАИ «ИТТИФОҚ» СОҲИБИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ ЗАМОНАВӢ ШУД

№ 30.08.2024

ФАРХОР ИСЛОМ 220824 (1)Ба муносибати 33 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Иттифоқ» — и ноҳияи Фархор бинои иловагии муассисаи таълимии №14 сохта шуд.  Бинои нав дуошёна буда, дорои 10 синфхонаи таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Сохтмони муассиса соли 2023 оғоз гардида, маблағи харҷи он 463 ҳазору 804 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи якуми бино кабинетҳои фаннии физика, география, химия, маркази таълимии инкишофи кӯдак ва дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омӯзгорон ҷойгир шудааст.

Шароити хубу замонавӣ муҳассилинро водор месозад, ки таҳсилро хуб идома дода, дар баробари омӯзиши забони давлатӣ забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»