Фархор. Роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш мегарданд

№ 30.10.2024

Ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, аз ҷумла бо дастгирии сокинони маҳаллӣ ва мардони саховатпешаи ноҳия роҳи деҳаи Куҳандиёри деҳоти Ватани ноҳия ба масофаи 1,5 километр асфалтпӯш гардид.

 Тавре сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Асомуддин Ғафоров иттилоъ дод, дар деҳоти Ватани ноҳия то ин дам боз 3 километр роҳи маҳаллӣ асфалтпӯш гардида буд.

Дар баробари сокинони деҳоти Ватан соҳибкорону мардони саховатманди деҳоти Деҳқонободи ноҳия тасмим гирифтанд, ки масофаи 5 км роҳи маҳаллиро асфалтпӯш намоянд. Ҳоло дар ин деҳот корҳои мумфаршкунӣ оғоз гардида, аллакай 3 километр роҳ пурра асфалтпӯш шудааст.

Тибқи иттилои Асомуддин Ғаффоров дар тобеъияти муассиса 315,8 километр роҳҳои маҳаллӣ, 39 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 56,4 километр роҳҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Дар нуҳ моҳи соли 2024, инчунин, 15 километр роҳҳои маҳаллӣ сангфарш гардидааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»