муътақид аст раиси ноҳияи Фархор Раъно Раҳимзода
- Дар Фархори бостонӣ таҷлили Рӯзи Модар чӣ гуна сурат мегирад?
- Барои фархориён дар сатҳи баланд ва пурмазмуну хотирмон баргузор намудани ҳама гуна иду маърака, ба ҳукми анъана даромадааст ва миёнашон Рӯзи Модар мақоми хоса дорад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Модарро чунин баҳогузорӣ намудаанд: «Мо ин рӯзро махсус чунин рӯз ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем».
Дар ноҳия Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Ин гуна муносибат табиист, зеро Зан — Модар намунаи олии бузургӣ ва зебоист. Дар ин рӯз бонувон пероҳани идона дар бар, ба сайругашт мебароянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъолзанон ҷамъомади тантанавӣ баргузор ва дар симои онҳо тамоми занону модарони ноҳияро муборакбод менамояд. Дар ин ҳамоиш ғолибони озмунҳои ба истиқболи Рӯзи Модар эълоншуда, амсоли «Оилаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», «Маликаи Фархор», «Тарроҳ ва чевари беҳтарин», «Чилкокули фархорӣ» бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд. Барои мисол, дар ҷамъомади тантанавии соли гузашта 274 нафар бонуи фаъол, ки миёнашон шаш нафар модарони аз 100 — сола боло ҳам буданд, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Собиқадори меҳнат Аноргул Сафарова бошад, аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо туҳфаи гаронарзиш сарфароз гардид.
- Ин ҳамон Аноргул Сафароваи механизатор аст?
-Бале, номбурда солҳои 70- уми асри гузашта ҳар мавсими ҳосилғундорӣ бо мошини пахтачинӣ дар собиқ колхози ба номи Ленин 300 — 350 тонна пахта ҷамъоварӣ менамуд. Рӯзноманигорон дар васфи корномаҳои меҳнатиаш мақолаю очеркҳо навиштанд, қаҳрамони намоишҳои телевизиону барномаҳои радио буд. Солҳои охир вазифаи раиси деҳоти «Ватан» ва кооперативи истеҳсолии «Майдапатта»-ро ба уҳда дошт. Лозим ба ёдоварист, ки самараи меҳнати мавсуф бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳои зиёд қадр шудааст. Апаи Аноргул бонуи маҳфилоро ва зиндадил аст, ҳазл ва мутоибаҳои зиёд мекунад.
Бамаврид медонам дар арафаи Рӯзи Модар модаронеро, ки дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардона меҳнат намудаанд, ба монанди Холбӣ Кабирова, Ҳокима Ноёбова, Арабгул Пиракова, Зика Маҷидова ба некӣ ёдовар шавам. Баъдтар ин анъанаи некро Сафаргул Қурбонова, Мевагул Ғозиева, Сангимоҳ Ғуломова, Зайнура Мӯсоева, Фаришта Исмоилова, Саломат Ҷураева, Шаҳзода Исматова, Раҷабгул Шарифова, Файзинисо Иброҳимова идома дода, дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ шумораи занону модарони меҳнатқарин даҳҳо маротиба афзун гардид. Мо аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба онҳо занону модарони кордон, ба мисли Холбӣ Давлатова, Паригул Сафарова, Меҳринисо Қодирова, Тозагул Ғашева, Ойимгул Юсуфова, Ҳуронбӣ Исломова сарварӣ мекунанд, ифтихор менамоем. Ҳамрадиф бо корҳои дигар дар ноҳия «Боғи миллӣ» бунёд намудем, ки сарварии онро зани кордону чолок Садбарг Ҳусейнова ба уҳда дорад. Мунтазам бо фаъолзанони кишоварз оид ба омӯзишу табодули таҷрибаи ҳамдигар машварат баргузор намуда, ба фаъолияти онҳо баҳогузорӣ мекунем.
- Маҷаллаи «Бонувони Фархор»-ро варақ зада, огоҳӣ пайдо намудам, ки як қисмати бонувони фаъоли фархорӣ зодагони Федератсияи Россияву дигар кишварҳо ва ё аз манотиқи дигари ҷумҳуриамон ҳастанд, ки дар солҳои гуногун бо ҷавонмардони фархорӣ оила бунёд кардаанд…
- Яке аз шоирони муосири фархорӣ дар васфи Зан — Модар ғазал дорад, ки анҷомаш чунин аст:
…Беҳуда ранҷ додани зан бурди мард нест,
Занро барои мадҳу сано офаридаанд.
Дораш азиз, чунки шарифу муқаддас аст,
Занро барои мард раво офаридаанд.
Асрори ин мушоҳидаи шумо дар муҳтавои ҳамин қисмати шеър нуҳуфтааст. Ҷавонмардони фархорӣ, занро хеле азизу гиромӣ медоранд ва онҳоро ба мадҳу ситоиш ва эҳтирому дӯстдорӣ арзанда меҳисобанд. Миёни мардуми минтақаи Кӯлоб ривоятест, ки гӯё пайғамбарамон дӯсти худ Султон Вайси Қараниро, ки зиёратгоҳаш дар як гӯшаи хушманзараи ноҳияи Ховалинг воқеъ аст, танҳо ба он хотир эҳтиром мекардааст, ки ӯ зиндагии хешро сарфи нигоҳубини модари бемори худ намудааст. Шояд таъсири ҳамин ривоятҳо ва дигар омилҳост, ки ҷавонмардони мо нисбат ба Зан — Модар эҳтироми хоса доранд ва ба андешаи ман, як сабаби бонуи фархорӣ гардидани бонувони дигар манотиқ, маҳз ҳамин сифатҳо маҳсуб мешавад.
Модари ҳунарманди шаҳир, шодравон Муқаддас Набиева- Ҳоҷарбӣ Набиеваро ҳамин омил аз Варзоб ба Фархор овард. Шоистаи зикр аст, ки соли 2014 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38, ки шодравон беш аз 40 соли умри хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдони мактаби мазкур намуда буд, 90 — солагии зодрӯзашро таҷлил намудем.
Соли гузашта риштаи умри директори гимназияи деҳоти «Ғайрат» Олга Николаевна Губанова, ки зодаи шаҳри Истраи Федератсияи Россия буд, ногаҳон канда гардид. Дар рӯзи марги ӯ ҳама гиристанд, зеро Олгаро тамоми аҳли деҳа ҳамчун ҳамсояи хуб, модари ғамхор, муаллимаи дилсӯзу меҳнаткаш, инсони шариф ва зани содиқу бовафо мешинохтанд. Чунин мисолҳо зиёданд.
- Якуми марти соли гузашта чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Иштироки занон дар ин маъракаи муҳим чӣ гуна буд?
- Занони ноҳия нисбат ба маъракаҳои қаблӣ дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъол буданд. Ин аст, ки 37 нафар вакили маҷлисҳои маҳаллии ҷамоати шаҳрак ва деҳот ва ҳашт нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб шуданд.
-Муносибати бонувони ноҳия ба варзиш чӣ гуна аст?
-Фархорро дар замони шӯравӣ ноҳияи варзишӣ ном мебурданд. Он вақт дастаи футболи «Ҳосилот» мухлисони зиёд дошт ва байни онҳо монанди банда бонувони футболдӯст кам набуданд. Маҳз ҳамин муҳаббат ба варзиш, бахусус футбол буд, ки дар айёми донишҷӯӣ бо бозингари беҳтарини дастаи «Ҳосилот» Тағай Дӯстов оила бунёд намудем. Ёдрас мешавам, ки «Ҳосилот» дар мавсими соли гузашта хуб баромад карда, ба лигаи олӣ роҳхат гирифт. Умуман, бонувони фархорӣ бозии футболро дӯст медоранд ва ба ҳамин хотир мо моҳи сентябри соли 2013 бо номи «Ситора» аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 5 ва 37, инчунин литсейи рақами 2 дастаи футболбоздухтаронро таъсис додем. Бо ифтихор мегӯем, ки алҳол дастаи мазкур дар минтақаю вилоят ҳарифи рақобатпазир надорад.
Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»