Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фарм — Текс» — и ноҳияи Данғара, аз моҳи феврали соли ҷорӣ то кунун зиёда аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқоби тиббӣ ва 420 ҳазор бастаи пахтагини спиртдор истеҳсол кард.
Бино ба иттилои роҳбари он Файзиддин Сайфуллоев, корхона дар як шабонарӯз имкон дорад то 15 ҳазор ниқоб ва 1000 бастаи пахтагини спиртдор истеҳсол намояд.
Ниқобҳои тиббии истеҳсоли корхона сифати баланд дошта, истифодабарандагон метавонанд онро шуста боз истифода баранд.
Айни замон дар ҶДММ «Фарм – Текс» 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»