Соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 191 ҳазору 200 нафар наврасон ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.
Тавре аз раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, иқдоми мазкур тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 10 июни соли равон оғоз гардида, наврасону кӯдакон дар се марҳила ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 6 ҳазору 180 нафар ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фиристода мешаванд.
Инчунин, 29 ҳазору 200 нафар ба лагерҳои назди муассисаҳои томактабӣ, 6310 нафар ба муассисаҳои интернатӣ, 22 ҳазору 300 нафар ба муассисаҳои таълимӣ, 17 ҳазору 680 нафар ба лагерҳои варзишию беҳдоштӣ, 97 ҳазору 560 нафар ба истироҳати фароғатӣ-таълимӣ ва 120 ҳазору 60 нафар ба лагерҳои меҳнатӣ-истироҳатӣ ҷалб хоҳанд шуд.
С. СУЛТОНОВ,
“Садои мардум”