Нигоштаро аз чанд паёми фараҳбахш оғоз мекунам. Яке аз 8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай эътироф шудани Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» соли ҷорӣ. Сониян, чанде пеш аз тарафи Агентии «International Strategy Partners Group» дар байни 40 шаҳри Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дувумин шаҳри бехатар эътироф шудани Хуҷанди бостонӣ мебошад.
Ин хабарҳои хуш аз фардои дурахшони миллату давлат шаҳодат медиҳанд. Далели бебаҳс аст, ки Тоҷикистон кишварест диданӣ ва ҳар як меҳмони он бо қалби пур аз эҳсоси қаноатмандӣ ва кӯлбори хотираҳои рангин аз фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ, тасвирҳои нотакрор, бардоштҳои нек ба кишвари худ бармегардад.
Дар ҳама давру замон ашхоси табиатдӯсту муқоисакор бо завқу хоҳиши зиёд ба гӯшаву канори ҷаҳон сафар мекарданд. Мисоли барҷаста Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва китоби пураҳамияташ «Сафарнома» мебошад, ки баъди саёҳати ҳафтсола ба иншои он шурӯъ намуд.
Дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифтани соҳаи сайёҳӣ бесабаб нест. Ин ибтикор аз рӯҳи тавонову ояндабини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархоста, ҷавобгӯи ниёзҳои маънавию фарҳангии мардуми тоҷик хоҳад буд.
Садои оғози ин таҳаввулоти фарҳангӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд, аз завқи волои Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Мутмаинем, ки солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум таҳрик мебахшад.
Аз ҷониби дигар, рӯ овардан ба фарҳанг ва дар радифи ин қарор доштани ҳолати кунунии деҳот ва имкониятҳои фарҳангии он яке аз шартҳои рушди давлатдорист. Зери мафҳуми «ҳунарҳои мардумӣ» санъати инъикоси рӯҳия, ормону таманниёт ва муносибати мардум ба зиндагӣ фаҳмида мешавад.
Вақте сухан аз муқаддасоти миллат меравад, қабл аз ҳама, мероси фарҳангии он пеши назар меояд. Ин фазилати меросбарӣ муҳимтарин хусусияти иҷтимоиву маънавии насли ҷавони ҳар як миллат мебошад.
Бовар дорем, ки наслҳои оянда низ бо маърифати баланди шаҳрдорӣ Тоҷикистони биҳиштосоро боз ҳам зебову ҷолиб мекунанд.
Манзура РАҲМАТУЛЛОЕВА, омӯзгори МТМУ № 49, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе