Раҳоварди сафар

Фестивал дӯстии ҷавононро таҳким бахшид

№90 (3391) 04.07.2015

DSC_0053

«Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси Паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки  дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии Давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд».     

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, 23 майи соли 2013, шаҳри Душанбе

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд тайи чанд рӯз доир гардид.

Пас аз пазироии меҳмонон дар ноҳияи Айнӣ, шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва Қайроққум иштирокчиёни  фестивалро дар даромадгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нону намак пешвоз гирифтанд. Раиси ноҳия Ҳакимзода Сангинмурод  Дӯстмурод меҳмононро дар Қасри навбунёди фарҳанги «Гулистон», ки бо сифати баланд ва бо истифода аз беҳтарин унсурҳои санъати миллии меъморӣ бунёд ёфтааст, қабул  кард.

Пеш аз оғози барномаи дилнавозу рӯҳафзои фарҳангӣ мавсуф, аз ҷумла чунин иброз дошт:

-Ташрифи шумо исботи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти самараноки Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ин гуна пайвандҳо рисолати ҷавонони тоҷикро, ки бо ваҳдату дӯстӣ, рафоқат ва инсондӯстӣ тавъам аст, инъикос менамояд. Барои шумо — ҷавонони фирӯз боз як дари дигар ба сӯи фатҳи қуллаи мурод боз гардид.

Сипас, барои меҳмонон барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки боиси болида гардидани хотири аҳли нишаст шуд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирокчиёни фестивал Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-ро тамошо карданд. Ин бинои таърихӣ соли 1951 бо роҳбарии раиси ҳамонвақтаи хоҷагии «Москва», ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев оғоз ёфта, давоми шаш сол бунёд гардида, соли 1957 мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҷавонон дохили бинои таърихиро бо осорхонааш тамошо карданд. Дар ин бино Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардида буд.

Ҷавононро дар шаҳри Хуҷанд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт ва ҳамроҳ бо иштирокчиёни фестивал дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гулчанбар гузошта, акси хотиравӣ гирифтанд.

Баъдан, ҷавонон ба Маркази таълимӣ — омӯзишии ҳунарҳои дастии «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд омаданд. Бино ба иттилои масъулин, дар ин марказ 24 нафар машғули кор буда, 60 нафар ба омӯзиши қолинбофӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҷавонон аз варзишгоҳи «20–солагии Истиқлолияти давлатӣ», ҳавзи шиноварии пӯшида ва Қасри варзиш боздид намуданд. Дар идомаи саёҳат меҳмонон Боғи Камоли Хуҷандӣ, муҷассамаи пурҳашамати шоҳ Исмоили Сомонӣ, силсилаи фаввораҳо ва дигар мавзеъҳои зебои вилояти Суғдро тамошо карданд.

Шоми ҳамон рӯз барои иштирокчиёни фестивал дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста, барномаи консертӣ бо иштироки санъаткорони вилояти Суғд пешкаш гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури ҷавонон суханронӣ намуда, миннатдориашро ба Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон баён дошт. Ӯ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ изҳори нигаронӣ кард ва аз ҷавонон даъват намуд, ин марзу бумро аз ҳарвақта бештар дӯст доранд ва аз омилҳои бегона эмин нигоҳ доранд. Номбурда афзуд, ки дар шаҳри Хуҷанд барои ҷавонон тамоми имконият фароҳам аст.

Шонздаҳуми июн корвони дӯстии ҷавонон ба Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф овард, ки дар он ҷо бо мақсади тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, корҳои созандагӣ ва ба истиқболи 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» бори нахуст Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» баргузор гардид. Дар ҷашнвораи мазкур баробари иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон, инчунин меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён ширкат доштанд.

Дар Фестивали «Оши палав» 40 нафар ошпазҳои моҳир аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд. Илова бар 40 деги иштирокчиёни озмун дар соҳили дарёи Сир, дар 40 деги дигар оши палав омода ва ба сокинону меҳмонони вилоят  ройгон пешкаш гардид.

Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Фестивали «Оши палав» аён гардид, ки онҳо намудҳои гуногуни ошро аз қабили «Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо сабзии сурх», «Бедонапалав», «Оши палав бо равғани думба», «Оши палави гап (1х1)», «Оши палав бо биринҷи девзираи Исфара», «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо гӯшти гӯсола», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палави самарқандӣ», «Оши палав бо тухми бедона», «Оши палав бо биринҷи девзираи Панҷакент», «Оши палави чойхона», «Оши палав бо гӯшти кабк», «Оши палав бо гӯшти мурғи марҷон» ва ғайраро омода ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.

Дар Фестивали вилоятии «Гулҳо» гулпарварон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд. Зиёда аз 400 намуди гул ба маърази тамошо гузошта шуд. Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни тайёр намудани таоми миллии фавқуззикр шинос гардид ва аз гӯшаи дигари маҷмаа, ки бо гулҳои гуногун оро дода шуда буд, дидан кард.

Раиси вилоят иштирокдорони Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистонро табрик гуфт ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар пешрафти Тоҷикистон саҳми боризи худро гузоранд.

Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» ба анҷом расид ва ҷавонон бо як ҷаҳон таассурот ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум». Душанбе — Хуҷанд – Душанбе