Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳии шаҳри Хуҷанд Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шоирону рӯзноманигорон, олимону китобдорон ва омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ширкат доштанд. Композитсияи адабӣ-бадеӣ таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», намоиши китобҳо, матбуоти даврӣ, маҳсули ҳунармандӣ ва саҳначаи «Чӣ тавр китобхон шавем?» пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардид.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»