Фестивали дӯстии ҷавонон оғоз ёфт

№82 (3383) 16.06.2015

Фесливал

«Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафтаро бунёд намоем».

Аз Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон. 22 майи соли 2015, шаҳри Душанбе

Ёздаҳуми июни соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ  Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Зинда бош, эй ватан, Тоҷикистони озоди ман!» дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба кори худ оғоз намуд.

Дар фестивал 300 нафар ҷавони касбу кори гуногун аз шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.

Фестивал нахуст аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд шурӯъ шуд. Субҳи 11 июни соли равон ҷавонон тавассути  корвони мошинҳо аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Айнӣ раҳсипор шуданд. Раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода меҳмононро ба зодгоҳи  шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки соли равон 150 — солагии ӯ таҷлил мешавад, хайра мақдам гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки ин гуна чорабиниҳо дӯстии ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишварро қавитар месозад. Зикр шуд, ки ҷавонон неруи пешбарандани ҷомеа буда, қувваи худро барои устувории ҷомеа равона менамоянд. Номбурда нақши ҷавононро барои баланд бардоштани мақоми кишвар муҳим номид. Ҷашнвораи дӯстии ҷавонон дар ноҳияи Айнӣ хушу хотирмон гузашт.

Сипас, дар доираи ин фестивал ҷавонон аз маркази ноҳияи Айнӣ вориди  шаҳри Панҷакент шуда, аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ дидан намуданд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ҷавононро ба зодгоҳи устод Рӯдакӣ ва шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ хайра мақдам гуфта, минҷумла зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро ҷиҳати насли ояндасозу ватанпараст тарбия ёфтани ҷавонон муҳайё сохтаанд ва мо баҳри амалии  сиёсати давалтии кишвар саъй менамоем.  Ӯ гуфт, ки фестивали мазкур дар ташаккули ҳисси ватандӯстии насли наврас ва худогоҳии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад.

Иштирокчиёни фестивал дар шаҳри Панҷакент бо шароити хизмати сарбозони қисми низомии Қувваҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, мулоқот оростанд. Байни ҷавонони шаҳр ва меҳмонон вохӯриҳои шавқовар ҷараён гирифта, меҳмонон аз хона — музейи  Лоиқ Шералӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ — кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ва мақбараи шоир дар Панҷрӯд низ дидан намуданд.

Дар ин ҳамоиш намояндагон аз Федератсияи Россия, Қирғизистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд. Барномаҳои рангоранги  фарҳангӣ ҷашнвораро шукӯҳи тоза бахшиданд.

Фестивал бо мақсади мустаҳкам намудани равобити дӯстии ҷавонони минтақаҳои гуногуни мамлакат, шиносоию фароғат, табодули маълумоту таҷрибаи корӣ ва оғози ҳамкориҳои нав то 17 июни соли 2015 гузаронида мешавад.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум», Душанбе — Айнӣ – Панҷакент