Тибқи иттилои рӯзномаи «Tehran Times», чанде пеш ҳукумати Ҳиндустон забони форсиро дар доираи сиёсати нав оид ба маориф ба Феҳристи забонҳои классикии Ҳиндустон шомил намуд.
Дар Ҷумҳурии Ҳиндустон то ин дам забонҳои тамилӣ, санскрит, каннада, телегу, малаялам ва ория ба Феҳристи забонҳои классикӣ шомил будаанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки то истилои Ҳиндустон аз ҷониби Британияи Кабир забони форсӣ тӯли қариб 8 аср дар ин сарзамин забони расмӣ маҳсуб меёфт. Яъне, дар Ҳиндустон, ки сокинонаш гуногунзабонанд, форсӣ ба ҳайси забони гуфтугӯи байни миллатҳо хидмат мекард. Форсӣ на танҳо забони аҳли дарбор, балки забони адабиёт, сиёсат, маориф ва мақоми иҷтимоӣ дар нимҷазираи Ҳинд (ҳудуди ҳозираи Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш) маҳсуб меёфт.
Бо таъсири забони форсӣ дар ин сарзамини сермиллат забони нав — урду эҷод шуд. Дар давоми асрҳо вожаҳои зиёди форсӣ ба забонҳои панҷобӣ, синдҳӣ, банголӣ, гуҷаратӣ ва кашмирӣ гузашта, ин забонҳоро ғанӣ гардонд, ки имрӯз бо ҳар кадоми ин забонҳо миллионҳо нафар гуфтугӯ мекунанд.
Забони форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд аз асри XI сар карда паҳн гардид.
Шоҳ Ҳумоюн дар асри XVI форсизабонони зиёдеро ба дарбор ҷалб намуд. Дар замони ҳукмронии вориси ӯ – Шоҳ Акбар адибони зиёд аз Эрону Афғонистону Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуданд. Дар мадрасаҳо барои омӯзиши забони форсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Тавассути сӯфиҳо забони форсӣ на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳоти Ҳиндустон низ паҳн гардид. Муҳаммад Соиби Табрезӣ, ки дар давраи Шоҳиҷаҳон ба Ҳиндустон омада буд, чунин навиштааст:
Нест дар Эронзамин сомони таҳсили камол,
То наёмад сӯи Ҳиндустон ҳино, рангин нашуд.
Забони ширини форсӣ то дараҷае дар Ҳиндустони Шимолӣ маъруфият пайдо кард, ки дар асри XVIII, ба гуфтаи муҳаққиқ Музаффар Алам, қариб мақоми забони якумро гирифта буд.
Вақте мустамликадорони англис дар асри XVIII аз қисмати ҷанубии нимҷазира хоки Ҳиндустонро давра ба давра забт кардан гирифтанд, дар мавзеъҳои зери нуфузи худ мавқеи забони форсиро оҳиста-оҳиста танг намуда, англисиро ҷойгузини он гардонданд. Бо вуҷуди ин муддати зиёд забони форсӣ дар соҳаҳои маориф, адабиёт, мақомоти судӣ ва мавзеъҳои ҳукмронии ҳокимони мусулмон истифода мешуд. Ҳатто мансабдорону коргузорони англис, ки ба Ҳиндустон меомаданд, дар коллеҷҳои таъсисдодаи ширкати «Ост-Индия» забони форсӣ меомӯхтанд. Дар бисёр маврид англисҳо ба дараҷаи профессори забони форсӣ расида, мавқеи устодони ҳиндустониро танг мекарданд.
Мутаассифона, соли 1830 ширкати «Ост-Индия» забони форсиро бо баҳонаи «монеа барои идоракунии самаранок» аз мақоми расмӣ ва соли 1837 дар тамоми қаламрави Ҳиндустон аз мақоми расмият маҳрум намуд.
Новобаста аз ин, забони форсӣ миёни аҳли илму адаб нуфузи худро нигоҳ дошта буд. Мирзо Асаддулоҳи Ғолиб, ки дар чунин давраи барои забони форсӣ душвор зиндагӣ мекард, ба форсӣ асарҳои ҷолиб эҷод намудааст. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бошад, бо осори пурғановаташ забони форсиро дубора дар нимҷазираи Ҳинд зинда намуда, чунин таъкид кард:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Минтақае, ки аз ҳама охир дар он мақоми расмии форсиро англисӣ ишғол кард, Панҷоб мебошад. Дар он ҷо то соли 1890 мактабҳо бо забони форсӣ амал мекарданд. Соли 1849 бошад, англисҳо дар Кашмире, ки онро «Эрони Сағир (хурд)» меномиданд, ба ҷои ҳокими мусулмон сикҳтаборе аз сулолаи Дограро ҳоким монданд. Дар натиҷа, аз соли 1889 ба ҷои форсӣ дар ин водии хушманзара забони урду мақоми расмӣ гирифт.
Дар иёлати Ҳайдаробод бошад, то соли 1884 забони форсӣ мақоми расмӣ дошт.
То асри XIX дар Ҳиндустон теъдоди асарҳои эҷодшуда ба забони форсӣ нисбат ба Эрон зиёд шуд. Нахустин рӯзнома ба забони форсӣ бо номи «Ахбор» соли 1798 маҳз дар Ҳиндустон чоп шудааст. Сипас, рӯзномаҳои «Миръот-ул-ахбор» (1822) ва «Ҳабл-ул-матин» (1893) низ дар Ҳиндустон ба забони форсӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Имрӯз низ дар Ҳиндустон забони форсӣ мавқеи шоиста дошта, Радиои Ҳиндустон ба забони форсӣ барнома таҳия мекунад. Дар Донишгоҳи Кашмир (Сринагар) аз соли 1969 маҷаллаи «Дониш» ба забони форсӣ нашр мешавад. Инчунин, дар як қатор коллеҷу донишгоҳҳои Ҳиндустон донишҷӯён дар курсҳои махсус забони форсӣ меомӯзанд.
Мавриди зикр аст, ки дар бинои парлумони Ҳиндустон («Сансад Бҳаван») шоҳбайти зерини Ҳофизи Шерозӣ дар забони асл хаттотӣ шудааст:
Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накуии аҳли карам нахоҳад монд.
Дар бинои қонунгузории Ҳиндустон ҷой додани шоҳбайти тоҷикӣ-форсӣ ва ба Феҳристи забонҳои классикии Ҳиндустон шомил намудани забони форсӣ аз арҷгузорӣ нисбат ба ин забон дар кишвари ба мо дӯсти Ҳиндустон гувоҳӣ медиҳад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»