26-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷавонон дар мавзӯи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагон аз вазорати корҳои дохилӣ, фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва блогерони шинохтаи кишвар иштироку суханронӣ намуданд. Нахуст, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар маърӯза намуда, нақши блогеронро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандорию ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас арзёбӣ кард.
- Имрӯз бояд таври шоиста аз арзишҳои фарҳангию таърихии худ дифоъ намоем. Васеъ будани аудиторияи блогерӣ ва корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоӣ ҷиҳати ташаккул додани мафкураи миллӣ бо матолиби мусбат, аз қабили барномаҳои характери миллидошта, бартарӣ додан ба арзишҳои дунявӣ, таблиғу ташвиқи илмомӯзӣ ва муҳимияти омӯзиш барои оянда, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сайёҳон мувофиқ мебошад, — гуфт нотиқ.
Форуми мазкур аз ду қисмат иборат буд. Қисмати дуюм дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки беш аз 60 блогер, инчунин намояндагони ВАО-и кишвар баргузор гардид.
Дар доираи форуми мавриди назар иштирокчиён аз ноҳияи Айнӣ дидан намуданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро фаъолону сокинон бо самимият истиқбол гирифтанд. Сипас, меҳмонон аз оромгоҳ ва «Хона-музеи Нақибхони Туғрал» боздид карданд.
Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни форум ба деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент сафарбар гардидиданд. Дар Панҷрӯд аз Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд», ки он аз оромгоҳ, осорхона ва китобхонаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ иборат аст, боздид карданд. Қобили зикр аст, ки блогерҳо, ки аксарияти онҳо аз сад ҳазор то як миллион обуначӣ доранд, маҷмааи мазкурро тавассути саҳифаҳои худ таблиғу ташвиқ намуданд. Сипас, аъзои ҳайат ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафта, 8 толори осорхона — Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, давраи Сомониён, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, замони Шуравӣ, давраи Истиқлолият ва толорҳои табиату мардумшиносӣ тамошо намуданд.
Ҷавонону блогерони фаъол, ҳамчунин озими шаҳри бостонии Саразм шуда, аз ёдгориҳои қадимаи Саразм дидан карданд. Дар шаҳри Истаравшан ҷавонони фаъолро раиси шаҳр — Адҳам Маъмурзода ва сокинони ин макони бостонӣ пешвоз гирифтанд. Меҳмонон аз қалъаи «Муғ» ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан боздид намуданд.
Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳайати зикршударо роҳбарияти шаҳр истиқбол гирифтаанд. Баъд аз маросими расмии истиқбол ҷавонон ба Қасри Арбоб омаданд. Воқеан, Қасри бошукӯҳ ва таърихии Арбоб макони таърихӣ, гаҳвораи Тоҷикистони навин, аввалин минбари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу муқаддас аст. Сипас, дар маркази шаҳри Хуҷанд маҳфили дӯстӣ баргузор шуда, баъд аз он иштирокчиён озими пойтахт гардиданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»