22 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузорӣ зери унвони «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ, инчунин, корхонаҳои саноатии минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Кӯлоб», «Данғара» ва «Панҷ» ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории форум ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин, диверсификатсияи сармоя арзёбӣ шуд.
Нахуст, меҳмонон дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар намоишгоҳи ЕХРО-и маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ширкат варзида, ба фаъолият ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои хоҷагидор, корхонаҳои саноатии дохилию хориҷӣ шинос шуданд.
Зимни форум мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода, роҳбари Дафтари USAID дар Тоҷикистон Ҷон Риордан, мушовири сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ва муовини директори генералӣ ва директори иҷроияи ЮНИДО Сиёнг Зоу иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода изҳор дошт, ки дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ бо ҷалби 50 ширкати дохилию хориҷӣ фаъолият менамоянд.
Дар доираи чорабинӣ миёни соҳибкорон, сармоягузорон ва корхонаҳои истеҳсолии МОИ — и «Кӯлоб» 11 санади ҳамкорӣ ба маблағи 49,8 миллион доллар ба имзо расид.
Дар охир, меҳмонону иштирокчиёни форум аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»