Волоияти қонун

Форуми миллӣ барои таъмини волоияти қонун пойгоҳи муносибест

№ 12.11.2021

ФОРУМБо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2021 дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон» доир гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парламенти мамлакат, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок доштанд. Форуми миллӣ бори ҳафтум аст, ки дар асоси Нақшаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Дар чорабинӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, директори кишварии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб, директори Фонди ҷамъиятии «Нотабене» хонум Нигина Баҳриева ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Зикр гардид, ки Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун пойгоҳи муносибе мебошад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеаро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Ҳадафи асосии Форуми миллӣ муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас ва пешниҳодҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарӣ дар назди қонун мебошад.

Пас аз ифтитоҳ чорабинӣ дар се бахш идома ёфт.

Дар хотима доир ба мавзуъҳои матраҳгашта миёни иштирокдорони Форуми миллӣ муҳокимаронӣ сурат гирифт. Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Форуми миллӣ минбари мувофиқест, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро муҳокима намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ намоянд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бо таҳкими сохторҳои давлатӣ, ки ҳуқуқҳои инсонро таблиғ ва ҳимоя мекунанд, равона карда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ёвари хуби давлат бошад, зеро он доимо бо мардум дар тамос буда, дар бораи мушкилоти ҷомеа маълумоти дахлдор дорад. Ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ислоҳотро то ҳадди имкон самаранок гардонад.

   Муҳаммад ЗОКИР,

    «Садои мардум»