5-6 майи соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар намоиш-фурӯши молу маҳсулоти вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он 50 корхона 25 номгӯй маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ғизоию тиббиро бо нархи дастрас пешкаш гардониданд. Соҳибкорони хатлонӣ низ дар намоишгоҳ молу маҳсулоти гуногуну хушсифати истеҳсолнамудаашонро ба маъраз гузоштанд.
Меҳмононро раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ пазироӣ намуда, аз боби дӯстию бародарӣ, густариши ҳамкориҳои судманд ва дар оянда мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти ҳар ду мамлакат сухан кард.
Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов қайд намуд, ки бо шарофати истиқлолият ва иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дӯстонаи ду миллати дӯсту бародар — тоҷику ӯзбек ва ҳамкориҳои самарабахши соҳибкорон дар ҳама соҳа густариш ёфта истодааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамкориҳои тиҷоратии вилояти Хатлон бо ҳамсоявилоятҳои Ӯзбекистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016-ум 70 дарсад афзуд.
Ҷонишини якуми ҳокими вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тӯра Бобоев барои истиқболи гарму самимӣ ба мардуми Хатлонзамин сипос гуфта, иброз намуд, ки бо баргузории чорабиниҳои гуногунмавзӯъ, муносибатҳои тиҷоратӣ, дӯстии мардуми ҳар ду кишвар боз ҳам тақвият меёбанд.
Сипас, дар толори Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Бизнес — форуми соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Байни ширкатҳои алоҳида шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»