12-13-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон (14 октябр) дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ Форуми «STARTUPSTAN» («Стартапстан») доир мешавад.
Дар ин хусус аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон ҷаласаи тантанавӣ доир мешавад. Дар он имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуда, соҳибкорони муваффақ бо мукофотҳо сарфароз мегарданд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Соҳибкорӣ — омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ», суҳбат дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону сармоягузорон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор мешаванд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»