Форуми V олимони аъзои кишварҳои ИДМ

№ 23.10.2024

Тавре аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, рӯзҳои  23 — 24 — уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқони варзида ва роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.

Ҳадафи асосии форум фаъолсозӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳлили ҳолат ва имконияти рушди соҳаи илми фундаменталӣ, инчунин, такмили раванди рақамикунонӣ дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ шуд.

Дар ҳошияи форум, ҳамзамон, ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои иттиҳод баргузор гардид.

Форум бо иқдоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатии ҳамкории бунёдии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир шудааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

 «Садои мардум»