Фурӯши 1 миллион бех ниҳол

№ 04.03.2024

Нихол2-юми марти соли 2024 дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд   ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ барпо шуд.

Дар ярмарка-фурӯш аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои ороишӣ бароварда шуд. Ҳамзамон, олимону мутахассисони соҳаи боғпарварию зироаткорӣ вобаста ба роҳҳои дуруст шинонидани кӯчату ниҳол, самарабахш гардонидани ҳосилнокӣ ва пешгирӣ намудан аз нобудшавии онҳо, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон маслиҳатҳо доданд.

Самараи баргузор намудани чунин ярмаркаҳо буд, ки соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 500 гектар боғҳои нав бунёд гардид.

М. МАҚСУДОВ,

“Садои мардум”

Сурат аз муаллиф