Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ

№17 (4600) 27.01.2023

хонаи Парвина ХоловаДастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, қарор дорад.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки ду амал метавонад сарнавишти инсонро дигар созад: яке дуову дигар хайру саховат. Яъне, дасти имдод дароз кардан ба ниёзманд нишонаи ҷавонмардӣ ва соҳибдиливу инсони комил будан аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистон бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои дастгирии ашхоси ниёзманд камари ҳиммат мебанданд.

Аз рӯзҳои аввали сарварӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда ҳастанд. Дар пайравӣ ба амалҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим гирифт, ки ба шаш оилаи ниёзманд хонаи истиқоматӣ бунёд намояд.

хонаи Парвина Холова 2Сокини маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб Парвина Холова аз нафаронест, ки сохтмони хонааш идома дорад. Ӯ кӯдаки 14 — солаи маъюб дошта, дар суҳбат чунин гуфт:

- Чанд маротибае, ки ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардам, ба ман ёрӣ расонданд. Дар баробари таъмин кардан бо аробачаи маъюбӣ барои мо хона сохта истодаанд. Дар арафаи ҳар иду ҷашн, ба мо маҳсулоти ғизоӣ низ дастрас мегардад. Шукронаи сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунем.

хонаи Шахноза БояковаДар миёни шаш нафаре, ки барои онҳо хона бунёд карда истодаанд, модари яккаву танҳо Шаҳноза Боякова низ ҳаст. Тавре иттилоъ гирифтем, барои ин модар хонаи иборат аз ду ҳуҷра бо ҳама шароити рӯзгор бунёд шуда истодааст. То ба анҷом расидани бунёди хона барои Шаҳноза Боякова хонаи иҷораро бо беҳтарин шароит муҳайё кардаанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»