Гардиши мол миёни Тоҷикистону Хитой ба 3 миллиард доллар хоҳад расид

№101 (3738) 24.08.2017

DSC_0315Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти тиҷоратии Ҳукумати халқии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 августи соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой  баргузор гардид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шариф Саид иброз дошт, ки баъди имзои  Созишнома оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя чанд маротиба афзоиш ёфта, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сармоягузорӣ васеъ гардиданд. Робитаҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар соҳаҳои гидроэнергетика, илм, техника, кишоварзӣ, нақлиёт, истеҳсоли семент, мошинсозӣ, сохтмони  манзилу роҳ, нақбу пулҳо, саноати маъдани кӯҳӣ ва ғайра чашмрасанд. Дар назар аст, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Хитой то соли 2020 ба 3 миллиард доллар расад.

Раиси Кумитаи рушди тиҷорати байналмилалии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Ҷузе аз  ҳамкориҳои рушдёбандаи Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки «мо ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»- ро бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба истифода карданием».

- Умед дорем, ки мулоқоти доираҳои тиҷоратии Хитой ва Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро боз ҳам бештар вусъат мебахшад,- гуфт Ли Ҷузе.

Дар ҳамоиш 25 ширкати бузурги музофоти Хайнан ширкат намуда, ба соҳибкорони тоҷик имконияту иқтидори ҳамкориашонро муаррифӣ карданд. Ба ҳозирин дар бораи захираҳои туристии музофоти Хайнан филмҳои мустанад намоиш дода шуд. Дар поёни ҳамоиш миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди тиҷорати байналмилалии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ