Ба гуфти мутасаддии бахши боғу токпарварии Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор Раҳматулло Тӯрдаев, боғпарварони Ҳисор ба бунёди боғҳои нав, корҳои агротехникии башаклдарорӣ машғуланд.
Номбурда иброз дошт, ки боғпарварон бештар ба бунёди боғҳои интенсивӣ мароқ зоҳир менамоянд, зеро ин шакли боғ назар ба боғи анъанавӣ нисбатан серҳосил ба ҳисоб меравад.
Бино ба таҳлили мутахассиси соҳа, дар як гектар боғи интенсивӣ имкони парвариши ду ҳазор бех дарахт мавҷуд аст. Агар аз як гектар боғи анъанавӣ 150 сентнер ҳосил гирифтан мумкин бошад, пас аз як гектар боғи интенсивӣ то 450 сентнер ҳосил гирифтан имконпазир аст.
Имсол дар заминҳои лалмии хоҷагиҳо 76 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид, ки дар 50 гектари он усули обмонии қатрагӣ истифода мешавад.
Дар боғҳои интенсивӣ асосан ниҳоли зардолу, себ, олу ва шафтолу шинонда мешаванд, ки боиси фаровонии меваҷоти хушсифат дар бозорҳо гардид.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»