Субҳи содиқ. Шуоҳои хуршед чун торҳои заррин аз осмон мегӯйӣ рост ба ҳавлии мо фаромада, бо ҷилои худ ба гирду атроф нур меафшонд. Баъди шустани дасту рӯ, чун одати ҳаррӯза, назди гулҳо ҳозир шудам. Атрофро бӯйи гулҳои рангоранг муаттар гардонида буд. Суҳбатамро бо гулҳо оғоз намуда, аз яке бӯй гирифтам, ба дигаре барои канда партофтани барги хушкшуда ёрӣ расонида, бо оби мусаффо онҳоро обборон кардам. Гулҳои ҳавлӣ бӯи модар мекарданд, охир, тухми ин гулҳо ва қаламчаҳои гули садбаргро аз хонаи модар оварда будам. Амонат лаби суфа нишаста, хаёлан ба хонаи модар ва давраи кӯдакӣ парвозӣ шудам.
***
Модарам зани зебо буданд. Ҳар гоҳе куртаи ҳарири сафедашонро ба бар мекарданд, мехостам чашм аз ӯ наканам. Ранги сафед ба ӯ хеле мезебид. Либосзеб, бо тану туш. Бароям ӯ зеботарин зани дунё буд…
Аз ин сабаб бошад, ки зебоиро дӯст медоштанд ва фориғ аз кори омӯзгорӣ шуғли дӯстдоштаашон парвариши гулҳо буд. Майдончаи назди ҳавлӣ ва пеши тирезаҳои хонаамонро гулҳои рангоранг оро медод. Ба машғулияти модар дида дӯхта, ҳаваси кас меомад. Бо аввалин нурҳои хуршед модар назди гулҳояш ҳозир мешуд. Ӯ аз гармии офтоб, мусаффоии оби зулол, нармию серпоругии замин, насими форами гардиши ҳаво истифода бурда, гӯё ҳар барги гулро алоҳида обборон мекарду навозиш. Бо гулҳо чун бо фарзанд меҳрубонӣ карда, бо онҳо ҳарф мезад ва ҳар рӯз гулҳои назди тирезаро ҷойгардон мекард. Бо шукуфтани ҳар муғҷа чашмони осмонранги софу беғубораш аз хурсандӣ барқ мезад. Агар ҳамсояҳо келин фуроранд, як даста гули зебо чида, ба таги чодар дароварда:
-Ҳаётатон чун гул зебо, зиндагиатон ботароват, муҳаббататон ҳамеша нафосати гулро дошта бошад ва касе ба хонаатон қадам ниҳад, аз машоми гул маст гардад, -гуфта, ба навхонадорон таманно менамуд.
Ба гаҳворабандон низ як даста гул бурда, гаҳвораи тифлро бо онҳо оро медод ва таъкид мекард, ки «Тифл чашм кушода, аввал зебоиро эҳсос кунад, ҳамеша зебоипараст мегардад».
Дар маросими мотам модар, албатта, гул мебурд ва тобутро бо гул оро дода: «Майит бояд ба хонаи охираташ хушбӯй равад»,- мегуфт.
Агар аз кор ё аз меҳмонӣ омада, гулҳоро пажмурда бинад, албатта, мепурсид:
-Ба хона кӣ омада буд? Ӯ ғамгин буд ё бадқаҳр? Аз ҳолати рӯҳии он меҳмон гулҳо сархам шудаанд. Гул бисёр нозук аст, ҳолати шахси ба он наздикшударо эҳсос мекунад. Аз сухане, ки шодӣ дорад, хурсанд шуда, аз ғам сархам мешавад, эҳсос мекунад, ки разолат чисту муҳаббат чист, дурӯғу ҳақиқат ва нуру зулмотро дар худ дарк мекунад, -гуфта, моро саволборон мекард.
Модар ҳамеша таъкид мекард, ки аз суҳбат бо одами бефарҳангу бесавод бо гулҳо суҳбат намудан беҳтар аст. Рози дили худро ба гулҳо ифшо кунед, на ба дӯсти ҳарзагӯй. Хобатонро ба гул гӯед, на ба ҳасуд. Гул рамзи муҳаббат аст, агар ба касе хоҳед, арзи муҳаббат кунед, ба ӯ гул тақдим кунед, дигар ҳоҷат ба сухан намемонад. Гулҳое, ки пажмурда шудаанд напартоед, байни авроқи китоб гузоред, баъди солҳои зиёд дар ҳолати варақгардон он лаҳзаи гузоштан ба ёд меояд. Дар хонае, ки гул парвариш мешавад, ҳамеша он ҷо баҳор аст. Шахсе, ки ба гул бисёр менигарад, таровати рӯяш даҳчанд шуда, латофату нафосаташ зиёда мегардад.
Ҳар гоҳе дугонаҳои ҳамсинфам ба хонаамон меомаданд, пеш аз рафтан дар ҳавлӣ назди гулҳо таваққуф намуда, гулҳоро бӯй мекашиданд ва ҳаловат мебурданд. Ман бошам, ба ҳар кадоми онҳо як дастагӣ гул чида медодаму онҳоро гусел мекардам. Баъди рафтани дугонаҳоям модар маро коҳиш намуда:
-Духтарам, гул барои бӯидану ҳаловат бурдан аст, на барои кандану партофтан. Охир, дугонаҳоят ба хонаҳояшон нарасида, гулҳо пажмурда шуда , зери по мешаванд, — гуфта ғур-ғур мекарданд.
«Барои ду -се даста гул модар ин қадар дилтангӣ мекунанд?» -гуфта, то ҷое аз ӯ меранҷидам…
Солҳо гузаштанд. Соҳиби хонаву дар ва фарзандони дӯстрӯ шудем. Рӯзи истироҳат буд. Модар ба хонаам меҳмон шуд. Ба даруни хона таклиф кардам, аммо модар болои суфае, ки зери дарахти тут дар иҳотаи гулҳо қарор дошт, ишора карда:
-Духтарам, биё дар ҳавои тоза, дар иҳотаи гулҳо нишинем, — гуфт. Манучеҳр гулҳоро бо найчаи резинӣ обборон карда:
-Бибиҷон, гулҳои ҳавлии шумо зебоанд ё аз мо? –гуфта, аз гулҳои ҳавлӣ ифтихор кард.
-Офарин, сад офарин, ин қадар гулҳои зеборо дар як ҷо ҷамъ овардан ин худ як ҳунари волост, — гуфта модар қаноатмандиашро баён кард.
-Бале, модарҷон, шуғли гулпарварӣ ирсӣ будааст. Ман низ шумо барин парвариши гулҳоро дӯст медорам, — гуфта, ба суҳбати бибӣ ва набераҳо ҳамроҳ шуда, барои кашидани хӯрок ба ошхона даромадам.
Овози модарам меомад, ки ба набераҳо мегуфт:
-Модари шумо ба куҷое сафар кунад, хоҳ сафари хизматӣ бошад, хоҳ истироҳатӣ, аз ҳамон кишвар ба ман, албатта, туҳфа- тухми гул меовард. Чанд вақт боз ба ман туҳфа наовардааст. Мебинам, ки дар байни гулҳоятон гулҳои нав пайдо шудааст, лолаи сурху зардро дида будам, аммо лолаи сиёҳро акнун мебинам, Ҳусейнҷон, ҷонакам, як дона аз ҳамон гул канда биёр , — гуфт модар.
Косаҳои пур аз хӯрок дар дастам баромада, дидам, ки аллакай Ҳусейнҷон як дона гули лолаи сиёҳ дар назди модар рост меистод.
- Ин чӣ кори кардаат буд? Наход инсон чунин гули нодирро канад. Охир, гул барои дидан, бӯидан ва ҳаловат бурдан аст, на барои канда ба хок партофтан,- гуфта Ҳусейнҷонро сахт ҷанг кардам.
Модар аз шунидани суханони ман табассуми маънидоронае карда:
-Духтарам, меҳнат чизи ширин будааст-а? Ёд дорӣ, вақте ки ба дугонаҳоят даста-даста гулҳои ҳавлиро чида, медодӣ, дар назди дугонаҳоят туро ҷанг намекардам, андеша мекардам, ки ба ту суханонам сахт нарасад. Ту бошӣ, барои як дона гул ба Ҳусейнҷон гапи сахт задӣ.
Косаҳоро ба дастархон монда, назди модар бо зону нишаста, бо сари хам мебахшед модарҷон, — гуфтам…
***
-Ассалом модарҷон, ассалом, очаҷон,- гуфта, фарзандон аз хонаи хоб берун шуда, наздам ҳозир шуданд.
-Модарҷон,чаро чашматон тар аст? Магар гиря кардед? Очаҷон, мабодо бемор нашуда бошед?- гуфта, фарзандон саволборонам карданд.
-Не, ҷонакҳои ман, бемор нашудаам, ба гулҳои шукуфта нигариста, ҳавлии модар ба ёдам омад. Машомам пур аз бӯи модар гашт. Биёед як даста гул чида, сари манзили бибиатон рафта, рӯҳашонро шод гардонем, -гуфта, бо фарзандон ба водии хомӯшон роҳ пеш гирифтем… Аз дур қабри модар, ки болояш пур аз гул буд, намудор шуд…
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА