«Душанбе хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунёст. Аз ҷумла, ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки Душанбе пойтахти илму ирфони миллат буда, ягон гӯшаи мулки Тоҷикистон барояш бегона нест…».
Ин сухани пур аз меҳру муҳаббат ва самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари таърихи пурифтихори пойтахт буда, дар муддати начандон тӯлонӣ ба минтақаи азими сарсабзу муаттар, шаҳри афсонавию муъҷиза ва ба маркази илму ирфону фарҳанги бузург мубаддал гардидани он дар даврони соҳибистиқлолист. Имрӯз Душанбе, воқеан ҳам, ба шаҳри зебою афсонавӣ табдил ёфтааст.
Чанд соли охир дар пойтахт бо ташаббусу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари ҷавону матиниродаи он муҳтарам Рустами Эмомалӣ садҳо мавзеъҳои тамошобобу дилкаш бунёд гашта, роҳҳои наву замонавӣ, ба монанди аввалин эстакадаҳо, сохта шуданд. Даҳҳо ҳазор биною иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, идорӣ, маишию хизматӣ, варзишию фароғатӣ ва маданию фарҳангидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, назокату таровати шаҳр боз ҳам афзунтар гашт. Боғу гулгаштҳои сарсабзу хуррам, фаввораҳо, китобхонаю театрҳо, осорхонаю ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, кӯчаю хиёбонҳои озода ҳусни шаҳрро зебою дилработар сохтанд. Акнун муосиртарин иншооту биноҳои баландошёна бо шаклу услуб ва тарҳи муосиру миллӣ дар пойтахт қомат афрохта, ба қалби сокинону меҳмонони Душанбе суруру шодмонии махсус илқо месозанд.
Боиси ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе имрӯз бо шаҳрҳои зиёди давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ бародаршаҳр аст. Ҷумҳурии Замбия — Лусака ҳанӯз соли 1964 бо Душанбе тарҳи дӯстӣ баста, хешро бародаршаҳр эълон кард. Соли 1967 ин иқдомро Ҷумҳурии Тунис амалӣ намуд. Сипас, шаҳрҳои Санъои Яман (соли 1967), Клагенфурти Австрия (соли 1972), Лоҳури Покистон (соли 1976), Боулдери ИМА (соли 1987) бо шаҳри Душанбе паймони дӯстӣ ва бародарӣ баста, ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангиро ривоҷ доданд. Қобили таҳсин аст, ки дар авҷи тағйироти бузурги даврон ва дигаргуниҳои азими иҷтимоӣ — иқтисодӣ шаҳри Ройтлингени Олмон (соли 1990) низ бо Душанбе бародаршаҳр шуд.
Махсусан, аз марҳалаи соҳибистиқлолӣ — аз соли 1991 оғоз намуда, дӯстию бародарӣ миёни шаҳрҳои дунё бештар ривоҷу равнақ гирифт. Намояндагони кишварҳои дӯсту ҳамсоя бо меҳру эътиқод ва умеду боварӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меоваранд. Шаҳрҳои Мазори Шариф (соли 1991), Шероз (соли 1991), Санкт-Петербург (соли 1991), шаҳри Алма-ато (соли 1992), Теҳрон (соли 1996) ва Минск (соли 1998), ҳамзамон, шаҳрҳои Урумчӣ, Чиндао, Сямен ва Хайнан, Анқара, Ашқобод, Остона, Боку ва дигар шаҳрҳои дунё бо шаҳри мо аҳди бародарӣ бастанд, ки ин ба ривоҷу равнақ, робитаю алоқаҳои фарҳангию маданӣ мусоидат намуд ва бешак, халқи тоҷик, алалхусус сокинони пойтахт, дӯстӣ ва бародариро аз ҳама чиз бештар азизу муқаддам мешуморанд.
Душанбе ҳоло як гулбоғи ҳақиқиро мемонад ва ба як шаҳри машҳуру беназир мубаддал гардидааст. Он аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳист, ки ҳама нишонаи таърихи бостонӣ ва фарҳангиро дар радифи ободонӣ ва сохтмони биноҳои замонавӣ ҳифз намуда, бо таърих, табиат, ҳусну тароват ва маданияти меросӣ диққати сайёҳони дунёро ба худ ҷалб намудааст. Инчунин, Душанбе ҳамчун дарвозаи асосии қабули сайёҳон ва садҳо ҳазор меҳмонони хориҷӣ, барои сайёҳоне, ки ба ҷониби манзараҳои зебову дидании минтақаи Бадахшон, Хатлону Зарафшон, Ромит ва Варзоб равонаанд, ба манзили аввалияи зисти муваққатӣ ва будубоши бароҳату фароғат табдил ёфтааст.
Набояд аз хотирҳо зудуда гардад, ки маҳз, солҳои охир хуррамӣ ва назокату таровати шаҳри Душанбе, дилорою пурҷозиба будани он ба назар бештар намоён гардид. Ин буд, ки яке аз маркази таҳлилии америкоӣ дар пайи як назарсанҷии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми амнтарин кишварҳои дунё ҷой дод. Нашрияи машҳури «Зе Индепендент» пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанберо аз рӯи таъмини амнияти шабона ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар ворид намуд.
Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои сайёҳӣ амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия дод. Соли 2019 тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотӣ-таҳлилии «Тур — Стат»-и Федератсияи Россия пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати баҳорӣ ва тирамоҳӣ шомил гардид. Муҳимтарин рӯйдод бо ҷоизаи баландтарини байналмилалӣ — нахустин Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором мукофотонидани шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Халқи Тоҷикистон, сокинони Душанбе, хурду калони ҷумҳурӣ, вақте ки ин муждаи некро шуниданд, ниҳоят шоду мамнун гашта, ин рӯйдоди фараҳбахшро таҷлил намуданд.
Ҳамин тариқ, шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ) ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) мебошад. Беҳуда нест, ки халқу миллатҳои кишварҳои мухталифи дунё Душанбеи азизамонро «Шаҳри сулҳ», «Шаҳри амн», «Маркази илм», «Шаҳри сайёҳӣ», «Шаҳри дӯстӣ», «Шаҳри фарҳангӣ» ном мебаранд, ки ин мояи ифтихори ҳар як тоҷик, бахусус сокинони пойтахт, аст.
Дар ин марҳалаи начандон тӯлонӣ дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардум, махсусан дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёту фарҳанг, тағйиротҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чанд сол қабл боз иқдоми навбатии созандаро пеш гирифтанд, ки ин ҳам бошад, комилан ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе буд. Иқдоми мазкур дар идомаи ташаббусҳои зиёди неку самаровари шаҳрдорӣ ҳар як сокини пойтахтро хушнуду рӯҳбаланд сохт. Ин иқдоми нек ҳар сокини ватандӯстро бояд танҳо ба ободкорию созандагӣ ҳидоят созад ва мо — сокинони пойтахт бояд ба қадри ҳамаи сарватҳои мавҷуда бирасем. Аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сиёсати дурандешонаю оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, ҳар яке чун узви фаъоли ҷомеа дар навбати аввал бо амалу рафтори шоиста, баъдан, дар рушду тараққии шаҳри Душанбе худро масъул донем ва набояд фаромӯш созем, ки Душанбеи азизамон чун пойтахт ифодагари симои аслии давлату миллати мост.
Имрӯз, тавре медонем, қисмати асосии аҳолии пойтахтро ҷавонон ташкил медиҳанд. Даҳҳо ҳазор толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз чаҳор навоҳии пойтахт ва ҷавонони зиёде аз ҳар гӯшаю канори кишварамон дар боргоҳҳои таълимии олию касбии пойтахт таҳсил мекунанд. Маҳз, ҳамин омилҳоро ба назар гирифта, бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори пойтахт ҳамарӯза нақшаю тадбирҳои навро роҳандозӣ менамояд, то барои насли наврасу ҷавонон тамоми имконоту шароит муҳайё бошад.
Душанбе имрӯз рисолати бузургеро низ ба зимма дорад. Он макони баргузории чорабиниҳои азими сатҳи ҷаҳонӣ ва фарҳангӣ, мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ, инчунин, дарвозаи асосии ташрифи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мебошад.
Месазад, кулли ташаббусу иқдомоти наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, саҳми хешро дар ободию шукуфоии пойтахт гузорем ва Душанбеи азизамонро ба шаҳри орзую армони мардуми дунё табдил диҳем.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»