Гумроҳон

№59 (3696) 27.05.2017

Ё худ чӣ гуна чокарони «салафия» ба даст афтоданд?

Худойдод Самадов нимаи дувуми моҳи январи соли 2015 дар қатори чанд тан аз ҳамдеҳагон озими Федератсияи Россия шуд. Дар саргаҳи деҳаи Навдонаки ноҳияи Рашт, вақти ба мошин савор шуданаш, падари пир даст ба дуо бардошт ва аз Худованд илтиҷо кард, ки фарзандашро ба роҳи рост ҳидоят намояд, дар ғурбат тавфиқро рафиқаш гардонад, то ин ки бо ҷайби пуру тани сиҳат ба назди аҳли оила баргардад.

Худойдод дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Рязани Россия ҷойи кор пайдо кард ва вақти фориғ аз кор барои адои намози ҷумъа ба масҷиди шаҳр медаромад. Рӯзе дар он ҷо бо шаҳрванди Ҷумҳурии Доғис­тон Юсуф Гаҷиев ошно шуд ва он тақдири минбаъдаи ӯро ҳал намуд. Юсуф сухандон буд ва метавонист ҷавонони дунёнадидаро зуд ба худ ҷалб намояд. Вай ҳамроҳаш чанд нафар пайравонашро ба масҷид меовард ва баъди адои намоз ба таълимоти равияи барои Худойдод номаълум машғул мешуданд. Дар муддати кӯтоҳ онҳо ба якдигар «дӯстони ҷонӣ» шуданд. Юсуф бо ошнои нави хеш пайваста дар бораи қавонини дини Ислом суҳбат мекард. Худойдод, ки аз ақоиди мазҳаби Имоми Аъзам огоҳӣ надошт, намедонист, ки таълимоти Юсуф барои мазҳаби ӯ бегона аст. Биноан, кӯркӯрона ба фармудаи ӯ амал мекард. Баъди муддате таълимоти равияи динӣ — экстремистии «Салафия»-ро аз бар кард ва яке аз пайравони ин гурӯҳ гардид. Ӯ бехабар аз ҳақиқати ҳол шомили равияе шуд, ки мақсадаш харобкорию одамкушӣ, ихтилофу парокандагӣ дар байни мусалмонон аст.

Худойдод дар ҳузури ҳамдиёрон тарзи намозхониашро иваз намуд. Пойҳояшро васеъ монда, даст болои сина мегузошт ва бо овози баланд «омин» мегуфт. Тибқи дастури Юсуф, ӯ пайи таблиғи ­равияи пазируфтааш шуд, кӯшиш мекард, ки аз байни ҳамдиёрони ғариби худ пайравонашро пайдо кунад. Вай, пеш аз ҳама, ҳамдеҳааш Абубакр Мировро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ӯро ҳамроҳаш ба масҷид овард, то дар суханрониҳои Юсуф Гаҷиев ширкат варзад. Дере нагузашта, Абубакр ҳам яке аз фаъолони ин гурӯҳ гардид. Онҳо на танҳо аз Гаҷиев таълим мегирифтанд, балки барои паҳн намудани идеяҳои харобкорона ва суст гардонидани эътиқоди мусалмонон ба мазҳаби Имоми Аъзам талош мекарданд.

Моҳи сентябри соли 2015 Абубакр аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба зодгоҳаш — деҳаи Навдонак баргашт. Ӯ мувофиқи дастури гирифтааш вазифадор буд, ки барои зиёд намудани пайравони хеш дар манотиқи Рашт тарғиботро ба роҳ монад. Бо ҳамин мақсад дар деҳаи Нав­донаки деҳоти «Қалъаи сурх» ва деҳаҳои атроф барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷиноии иттиҳодияи ифротгарои «Салафия», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳодияи ифротгаро эътироф ва фаъолияташ манъ шудааст, саъю талош намуд.

Абубакр Миров мунтазам ба масҷиди ғайрирасмии деҳа ташриф оварда, бо мақсади нишон додани бартарии равияи ифротгарои «Салафия» ва зиёд намудани аъзои он намоишкорона намозҳояшро бо усули нав адо мекард. Хушбахтона, сокинони маҳал ҳақиқати ҳолро пай бурда, ба рафтори носавоби ӯ зид баромаданд. Мардум ошкоро ба муқобилаш бархостанд ва ӯро огоҳ карданд, ки агар аз роҳи пешгирифтааш барнагардад, ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд.

Худойдод низ дар Россия ором наистода, аз тариқи телефон пайваста бо ӯ дар тамос буд ва роҳҳои нави таблиғотро барояш мефаҳмонд. Аз муносибати мардуми деҳа хабар ёфта, ба Абубакр маслиҳат дод, ки роҳашро нотарсона идома дода, дар деҳаҳои дигар тарғибро идома диҳад ва бештар дар ҳузури ҷавонон, ки аз мазҳаби бобоӣ хуб хабар надоранд, кор барад. 17 декабри соли 2015 бибии Худойдод Самадов — Тилло Лоиқова вафот кард. Ин хабарро ӯ шунида, фаврӣ ба модараш занг мезанад ва маслиҳат медиҳад, ки маросимҳои мазҳабиро ба ҷой наоранд. Маросимҳои баъдидафнӣ — севу чилу солро бидъат номид ва барои мусалмонон ҳаром ҳукм кард.

Худойдод чун фаҳмид, ки ҳамақидааш Абубакр дар танҳоӣ ба комёбӣ муваффақ намешавад, 20 июни соли 2016 ба Тоҷикистон баргашт ва ҳамроҳи ӯ майдони фаъолиятро васеъ намуд. Онҳо дар деҳаҳои атрофи Навдонаки ноҳияи Рашт, деҳаи Сари Қоши деҳоти «Хумдон» — и ноҳияи Нуробод фаъолияти тарғиботиро ба роҳ монда, аз китобҳои дар ихтиёрдошта ва сабтҳои ­видеоие, ки Гаҷиев ба онҳо дода буд, истифода мебурданд.

Рӯзе Худойдод ҳамроҳи Абубакр барои таблиғот ба деҳаи Сари Қоши ноҳияи Нуробод рафтанд. Вақте ки онҳо вориди масҷид шуданд, имомхатиби деҳа Маҳмадзоир Додарбеков баъди намоз амри маъруф мекард. Онҳо ба имомхатиб ва дигарон аҳамият надода, дар як гӯшаи масҷид ба намозгузорӣ машғул шуданд. Имомхатиб, ки ба ҳаракатҳои меҳмонон аҳамият дода буд, баъди анҷоми намозашон ба онҳо эрод гирифт. Гуфт, ки тарзи намозхонии онҳо хилофи фармудаи мазҳаби Имоми Аъзам аст. Тарғиби чунин тарзи намозхонӣ боиси ихтилоф байни мусалмонон мегардад. Худойдод бо тамасхур сухани имомхатибро бурид ва ӯро ба надонистани асли ислом гунаҳкор кард.

Бисту сеюми августи соли 2016 ин ду таблиғгар барои паҳн намудани таълимоти барои ҷомеа зарарнок аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт дастгир шуданд. Ҳангоми кофтуков сабтҳои видеоӣ дар манзили зисташон пайдо гардид.

Мувофиқи хулосаи ташхиси илми диншиносӣ аз 14 октябри соли 2016, №4/64, ки аз ҷониби мутахассисони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дода шудааст, дар фитаҳои аудио-видеоии пешниҳодшуда омилҳои барангехтани кинаву адоват, низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғиби шаҳрвандон аз нигоҳи мансубияти онҳо ба дин, миллат, нажод ва маҳал мавҷуд аст.

Далелҳои ҷамъовардаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, ки аз ҷониби суд омӯхта, ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шуд, гунаҳкории онҳоро собит намуд.

Дар асоси далелҳо суд гуноҳи судшавандагон Худойдод Самадов ва Абубакр Мировро дар содир намудани ҷиноят исбот намуда, кирдори онҳоро бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар фаъолияти ҳизб­ҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбат ба он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ, бинобар ба амал баровардани фаъолияти ифротгаройӣ пешбинӣ намудааст, бандубаст кард.

Дар мурофиаи судие, ки таҳти раёсати раиси Суди ноҳияи Рашт Розиқзода Хуршед баргузор гардид, судшавандаҳо Худойдод Самадов ва Абубакр Миров гуноҳи худро ба зимма гирифтанд. Дар он лаҳзаҳо аз таблиғгарони «донишманду ҷасур» нишоне боқӣ намонда буд. Бо ранги парида ва пайкари ларзон илтиҷо мекарданд, ки ҷавонию нодонӣ, ба доми фиребгарон афтоданашон ва падару модари пирашонро ба ҳисоб гиранду муҳлати ҷазоро сабук намоянд.

Суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиркардаи судшавандагон ва ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузориро ҳангоми таъини ҷазо ба назар гирифта, Самадов Худойдод Қаҳрамонович ва Миров Абубакр Абдушаҳидовичро, ки ­мехостанд дар водии Рашт равияи «Салафия»-ро таблиғу ташвиқ намуда, сафи пайравони онро зиёд гардонанд ва ба ин восита байни сокинони маҳал низои мазҳабӣ барангехта, оромии минтақаро халалдор созанд, бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум намуд.

Овардани қиссаи боло ба он хотир аст, ки ҳукми Суди ноҳияи Рашт нисбат ба ҷинояткорон барои ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатибуда дарси ибрат мешавад ва онҳо пайи он талош мекунанд, ки дар ғурбат ба пайроҳаи гумроҳӣ по нагузош­та, бо меҳнати ҳалол рӯзгори хешро таъмин мекунанд, барои устувории ваҳдати миллӣ ва оромии Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»