2 — юми октябри соли равон гурӯҳи якуми ҷавонони бонангу ватандӯсти ноҳияи Айнӣ, ки ба синни даъват расиданд, ихтиёран бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан — модар карда, ботантана барои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуселонида шуданд.
Наваскарони далери Ватан аз назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳия то макони чорабинӣ бо шиорҳои “Хизмат ба Ватан шараф аст!”, «Бо Пешвои миллати худ ифтихор мекунем” ва «Тоҷикистон, ба пеш!» роҳпаймоӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бештар аз 70 ҷавони ватандӯсти ноҳия ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комисари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ, собиқадорони меҳнат ва падару модарони даъватшавандагон ширкат варзиданд.
Сараввал, Муқим Муродзода ба сухан баромада, зикр намуд, ки рӯзи нахусти сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад. Сипас, прокурори ноҳия Нуриддин Имомзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки Ватан — модар барои ҳар як шахс муқаддас буда, хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандӣ, ифтихор ва шараф аст.
Инчунин, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати ноҳия Шодиқул Бобоҷонов баромад намуда, наваскаронро ба хизмати ҳарбӣ роҳнамоӣ намуданд. Ш. Бобоҷонов зикр намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ мебошад ва бояд ҷавонони синни даъватӣ барои ба ҷо овардани хизмати Ватан — модар камар банданд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии раиси ноҳия ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд ва дар фазои тантанавӣ “Гувоҳнома” — и ронандагии онҳо супорида шуд.
Комрони Аслон,
»Садои мардум»