Робитаҳои байнидавлатӣ алҳол хусусияти бисёрсатҳиро касб намудаанд, ки ин марбут ба мураккаб шудани равандҳои байналмилалӣ, афзоиши ҳамгароиҳо, зуҳури субъектҳои нави муносибатҳои байналхалқӣ ва дигар омилҳои муассир мебошад.
Таҳаввули пайвастаи мазмуну мундариҷаи робитаю ҳамкориҳои байнипарламентӣ яке аз ҷузъҳои муҳими ҳамин гуна равандҳо ба шумор рафта, амалияи татбиқи ҳадафмандонаи он дар фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҷойгоҳи муносибро ишғол мекунад. Аз ин дидгоҳ дар муддати сӣ соли охир мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҳам ба сифати Шӯрои Олӣ, Маҷлиси Олӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ талоши зиёдро ба хотири ташкил ва татбиқи низоми робитаю ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо кишварҳо ва созмонҳои бузурги байналмилалию минтақавӣ роҳандозӣ намудааст. Бар пояи талошҳо дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи Истиқлолияти давлатии кишвар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ тавассути ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва унитарӣ нақши муносибро ишғол намудааст.
Густариши ҳузуру фаъолияти парламенти Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаҳои берунӣ мантиқан бо ислоҳоти низоми идоракунии сиёсии ҷомеа робитаи ногусастанӣ доштанд. Агар аз ин мавқеъ ба таърихи густариши робитаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ назар андозем, пас мушоҳида менамоем, ки тайи сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ бо татбиқи фаъолияти густурдаи мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҳам ба сифати Шӯрои Олӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагон моделҳои гуногуни дипломатияи парламентӣ низ ташаккул ёфтанд. Дар ташаккули онҳо, баробари таъсири тағйирёбии вазъи ҷаҳони муосир, ба воқеият пайвастани ҳадафу мақсадҳои бунёдии рушди кишвар, инчунин, шаклҳои идоракунии давлатии таҷрибанамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ таъсири муносиб доштанд. Яъне, вобаста ба татбиқи шаклҳои идоракунии давлатии таҷрибанамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моделҳои густариши робитаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалии мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон низ ҳамзамон роҳандозӣ мешуданд.
Аз ҷумла, аз оғози Истиқлолияти давлатӣ, вобаста ба шакли идоракунии парламентӣ доштани мамлакатамон, то соли 1994 робитаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалии Шӯрои Олӣ ба сифати мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар шакли иштироки парламентӣ дар муносибатҳои байниҳукуматӣ ва байнипарламентӣ татбиқ мегардид. Ин яке аз паҳлуҳои мураккаби мақомоти олии намояндагии мамлакат аст, ки бевосита марбут ба хусусиятҳои шакли идоракунии парламентии мамлакат мебошад. Барои дарки ҳамаҷонибаи ин падида бояд дар назар дошт, ки то қабули Конститутсияи соли 1994 низоми мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатӣ аз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати он иборат буд. Дар давраҳои гуногун роҳбарии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Р. Набиев (августи – декабри соли 1991), С. Кенҷаев (1991-1992), А. Искандаров (август — ноябри соли 1992) ва Эмомалӣ Раҳмон (ноябри соли 1992-1994) ба дӯш доштанд.
Ба ҳамин тартиб, тарзи ташкили фаъолияти парламент дар симати Шӯрои Олӣ беихтиёр ба хусусияти роҳандозии робитаҳои хориҷии он низ таъсиргузор буд. Намояндагони мардумӣ дар як маврид ҳам салоҳияти намояндагии сохторҳои ҳукуматӣ ва ҳам узви мақоми олии намояндагии ҳокимияти давлатиро ба ҷой меоварданд. Дар ҳар ду маврид вобаста ба шакли идоракунии парламентӣ доштани давлат ташкил ва татбиқи амалияи мазкур таҳти идоракунии Раёсати Шӯрои Олӣ сурат гирифта, сохторҳои ҳокимияти иҷроия сиёсати беруниро дар мувофиқа бо парламент амалӣ мегардониданд. Моҳи декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки минбаъд барои ташаккули таҷрибаи аз мавқеи ягона муаррифӣ кардани ҳадафҳои сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дар арсаҳои берунӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар заминаи он дипломатияи парламентӣ ба манбаи муҳими татбиқи ҳадафҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, тамоюли ташаккулёбии он дар қаринаи дипломатияи касбӣ ва мардумӣ фароҳам гардид. Барои муназзам ба роҳ мондани амалияи мазкур соли 1994 дар таркиби раёсати коргузории Шӯрои Олӣ бо дастури Раиси Президиуми Шӯрои Олӣ шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ таъсис ёфт.
Мувофиқи Конститутсияи соли 1994, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази тарзи идоракунии парламентӣ акнун шакли идоракунии президентӣ ҷорӣ шуда, Маҷлиси Олӣ ба сифати мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории ҳокимияти давлатӣ ташкил гардид. Мувофиқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 феврали соли 1995 интихобот ба Маҷлиси Олӣ баргузор шуд. Дар заминаи татбиқи шаклҳои фаъолият, ташкил, пешбинии салоҳиятҳои дар Конститутсия дарҷгардидаи Маҷлиси Олӣ сатҳу мазмуни робитаҳои берунии парламентӣ низ дигаргун гардида, онҳо дар шакли иштироки байнипарламентӣ ба роҳ монда шуданд. Маҷлиси Олӣ ба мустаҳкамшавии робитаҳо бо парламентҳои давлатҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи хоса дода, ҳамкориҳои судманду пурмаҳсулро барои барқарор намудани муносибатҳои байнипарламентӣ ба роҳ монд. Салоҳиятҳои дар боби сеюми Конститутсияи соли 1994 муқарраршуда барои Маҷлиси Олӣ дар самти робитаҳои берунӣ чунин баён шуда буданд:
- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ;
- …иҷозати ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо;
- тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ.
Бо дарназардошти он ки шакли асосии фаъолияти Маҷлиси Олӣ хусусияти даъватӣ дошту барои ташкили кор, амалӣ гардонидани ваколатҳое, ки Конститутсия, қонунҳои амалкунанда барои Маҷлиси Олӣ муайян намуда буданд, Раёсати Маҷлиси Олӣ таъсис ёфта, бинобар ин, дар моддаи алоҳида барои он ҳам салоҳиятҳои алоҳида дар самти робитаҳои берунӣ муқаррар шуд, ки аз қисмҳои зерин иборат буд:
- ташкили робитаҳои байнипарламентӣ;
- ризоят ба таъин ва бозхонди сарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ.
Ҳамин тавр, бо такя аз салоҳиятҳои мазкур Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи даъвати якум яке аз аъзои фаъоли Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардида, бо идомаи анъанаи саҳмгузорӣ аз аввалин рӯзҳои таъсисёбии он дар фаъолияти Шӯро ва котиботи он иштироки фаъолро ба роҳ монд. Инчунин, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқии Ассамблеяи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парламентҳои Осиё ва Парламенти Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ гардид. Дар давраи даъвати мазкур амалияи дипломатияи парламентиро Кумитаи Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналхалқӣ, муносибати байни миллатҳо ва фарҳанг ба роҳ мемонд.
Дар саҳифаи дипломатияи парламентарии кишвар ба узвияти комилҳуқуқи Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон пазируфта шудани Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи муҳимро ишғол менамояд. Бо қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олӣ гурӯҳҳои миллии парламентӣ дар созмонҳои парламентии байналмилалӣ Ассамблеяи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон ва гурӯҳҳои робитаи байнипарламентӣ бо парламентҳои Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Латвия, Беларус, Туркия, Кувайт, Корея ва Эрон таъсис дода шуданд.
Сафарҳои расмии ҳайати олимақоми Парламенти Тоҷикистон ба як қатор кишварҳо ва боздидҳои ҷавобии тарафайн сурат гирифт, ки ин ба бастани шартномаву протоколҳои ҳамкории байнипарламентӣ байни ин кишварҳо боис гардида, ҳамин тавр, дар муносибатҳои байнипарламентӣ марҳилаи нав оғоз ёфт. Аз ҷумла, сафарҳои расмии парламенти Тоҷикистон таҳти сарпарастии Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия, ташрифи Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Геннадий Селёзнев ва бастани шартномаву протоколҳои ҳамкории байнипарламентӣ байни кишварҳо дар муносибатҳои байнипарламентӣ марҳилаи нав оғоз намуданд. Иштироки Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сарвари ҳайати намояндагии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ дар Иҷлосияи 41-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ дар шаҳри Париж, бо даъвати Раиси парламенти Финляндия ҳамчун узви Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ ба амал овардани сафари расмӣ ба Хелсинкӣ ба сифати Президенти Гурӯҳи миллии парламенти Тоҷикистон дар ИБП иштирок ва баромад намудани Раиси Маҷлиси Олӣ дар конференсияи 97-уми Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон дар шаҳри Сеул дар барқарор намудани муносибатҳои байнипарламентӣ иқдомҳои шоиста буданд.
Сафарҳои хизматӣ ва табодули ҳайатҳои парламентиро ҷониби Тоҷикистон пайваста ҳамчун арсаи муаррифии муҳимтарин масъалаҳои ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй самаранок истифода мебурд. Хусусан, он солҳо нақши дипломатияи парламентии Маҷлиси Олӣ барои пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат барои ба даст овардани ваҳдати миллии деринтизор хеле назаррас буд. Яъне, дипломатияи парламентӣ дар он солҳо ба сифати омили муҳими ҷустуҷӯи роҳҳои мусолиҳаомези истиқрори сулҳ дар кишвар хидмат намуд. Баҳсу муҳокимаҳои асосӣ оид ба он масъалаҳо маҳз дар парлумон сурат мегирифтанд ва намояндагони мардумӣ зимни вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои дигар ва сафарҳояшон дар фаҳмонидани мавқеи давлати Тоҷикистон вобаста ба ин масъала саҳм мегирифтанд. Иҷлосияи чоруми даъвати якуми Маҷлиси Олӣ махсус ба баррасии бо роҳи сулҳ ва гуфтушунид ҳал намудани масъалаи ихтилофи дохилии мамлакат бахшида шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Кӯшишҳои намояндагони мардумӣ барои амалисозии робитаҳои парламентӣ аз вазъияти мураккаби ҳамон давра бармеомад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки намояндагони парламенти Тоҷикистон пайваста дар сатҳи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебардоштанд, марбут ба муқовимат бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буд. Дар натиҷаи баррасию таҳлилҳои ҳаматарафа лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ «Оид ба муқовимат бо терроризм» соли 1995 таҳия ва ба сатҳҳои идоракунии ИДМ барои тасвиб пешниҳод гардиданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пазируфта шуда, чанд нафари онҳо дар мақомҳои роҳбарикунандаи ассамблея интихоб гардида, барои фаъолияти хуби байнипарламентиашон бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои ин ниҳодҳои байналмилалӣ сарфароз гардиданд.
Бояд гуфт, ҳадафҳои дипломатияи парламентии Маҷлиси намояндагон дар Консепсияи сиёсати хориҷии мамлакат низ возеҳу равшан баён шудаанд. Тибқи муқаррароти он, яке аз аломатҳои муҳими дипломатияи парламентӣ дар истифодаи васеи «неруи нарм» ифода меёбад.
Таҳлили робитаҳои парламентии марбут ба даъватҳои сеюм, чаҳорум ва панҷуми Маҷлиси намояндагон нишон медиҳад, ки фаъолияти байналмилалии он аслан ба тавсеаи робитаҳо бо парламенти кишварҳои ИДМ ва мамлакатҳои хориҷи дур, ратификатсияи созишномаҳо, лоиҳаҳо нигаронида шуда буд. Вобаста ба шароити хоси он давра ҳадафҳои асосии роҳандозии ҳамкориҳо аз татбиқи аҳдномаҳои байнидавлатӣ, омӯзиши таҷрибаи қонунэҷодкунии дигар кишварҳо, инкишофи муносибатҳои дӯстона, муҳайёсозии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ширкат дар конфронсу семинарҳо ва ғайра иборат буд. Дар заминаи он ҳамкориҳо таваҷҷуҳи доираҳои гуногуни кишварҳои дигар ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, ҳавасмандии барқарорсозии робитаҳои дуҷониба, эҷоди ҳусни тафоҳум ба талошҳои кишвар дар ҳалли масъалаҳои дохилию байналмилалӣ ба даст оварда мешуд.
Барои татбиқи ин сиёсат нақши фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи дипломатияи парламентии кишвар маҳсуб меёбанд, хеле назаррас буд. Агар фаъолияти байнипарламентии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, пас ба осонӣ мебинем, ки асосан мавзӯъҳои зимни суҳбату вохӯриҳо бо роҳбарону вакилони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баррасишаванда ҳамеша масъалаи густариши равобити гуногуни дуҷонибаи миёни кишварҳо, рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ва инкишофи ҳар чӣ бештари онҳоро дар бар мегиранд.
Агар дар ибтидои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба узвияти комиссияҳои доимии байнипарламентӣ ва созмонҳои байналмилалии байнипарламентӣ бо 19 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагонро дар бар гирифта бошад, Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ, аз ҷумла 32 гурӯҳи дӯстӣ бо 32 давлати бо мо дӯстро дар бар гирифт. Бо мақсади афзудани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дар ин самтро ривоҷ дода, то охири даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон ин раванд идома ёфта, теъдоди гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ то ба 60 расонида шуд.
Маҷлиси намояндагон аз оғози даъвати шашум дар самти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ низ мавқеъро муайян намуд. Бо ин мақсад Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои ба тасвиб расонида, то ин муддат бо 74 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байнипарламентӣ гурӯҳҳои миллии дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентиро созмон дод. Қобили зикр аст, ки дар аксар маврид парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамчун хоҳишманд ва ё ташаббускори таъсиси гурӯҳи дӯстӣ бо Маҷлиси намояндагон баромад карда, аз таъсис ва рӯйхати аъзои гурӯҳи дӯстӣ дар парламентҳои кишварашон ба Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ёдовар бояд шуд, ки маҳдудиятҳои бар асари паҳншавии пандемияи COVID-19 баамаломада, инчунин, ба фаъолияти парламент дар самти густариши робитаҳои байналмилалии он бе таъсир намонд. Вале новобаста ба ин вакилони Маҷлиси намояндагон барои дар сатҳи муносиб ба роҳ мондани робитаҳои берунӣ аз амалияи баргузорсозии машварату гуфтугӯҳои фосилавӣ васеъ истифода бурда, то ҳол бештар аз сӣ чорабинӣ доир карданд. Дар ҷараёни онҳо, масъалаҳои марбут ба омӯзиши таҷрибаи қонунгузориву намояндагии кишварҳои дигар, таҳлилу такмили қонунҳои намунавии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, масъалаҳои марбут ба ҳаёти парламентӣ, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии густариши робитаҳои иқтисодию ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишвар муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи якум ва семоҳаи аввали Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 март то 31 декабри соли 2020-ум 7 протокол, 2 ёддошт, 31 созишнома қабул гардиданд, ки аз сатҳи дилхоҳи ҷараёни рабитаҳои берунии парламент гувоҳӣ медиҳанд. Дар ин муҳлат роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон беш аз 30 конференсияи байналмилалии фосилавӣ, зиёда аз 15 мулоқоту вохӯрӣ бо сафирону намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ҳайати гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, мушоҳидин ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, дар реҷаи фосилавӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Датук Азҳар Азизан Ҳорун, бо гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии Олег Мелниченко, бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк, бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов баргузор гардид. Инчунин, 1 марти соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуда, ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.
Дар он асно, фаъолияти гурӯҳҳои миллии Парламенти Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарламентӣ, Парламенти Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) қайд кардан бамаврид аст, ки баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳои байнипарламентӣ ҳамкориҳои судмандро анҷом медиҳанд. Дар маҷмӯъ, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ гурӯҳҳои дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, онҳо барои таъмини ҳузури парламенти мамлакат дар арсаҳои байналмилалию минтақавӣ нақши муҳимро иҷро мекунанд. Ба таври муназзам сурат гирифтани робитаҳо гувоҳи дарки муносиби намояндагони мардумӣ аз арзишҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷии пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро эҷоди алоқаҳои мутақобили судманд, тавсеаи ҳамкориҳо, робитаҳои ҳасана бо дигар кишварҳо меҳвари асосии ин сиёсатро ташкил медиҳад. Ширкату тамосҳои пайваста ва ҳирфаии намояндагони мардумӣ дар сатҳҳои гуногун метавонанд барои наздик сохтани мавқеи кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак намоянд ва боиси эҷоди заминаҳои муносиби меъёрии ҳуқуқии муносиб дар ин самт шаванд.
Ҳамин тавр, таҳқиқи муҳтавои робитаҳои берунии мақомоти олии қонунгузории мамлакат нишон медиҳад, ки дар сатҳи сиёсати давлатӣ дипломатияи парламентӣ ба унвони падидаи муҳим ва умедворкунандаи шакли ҳамкориҳои байналмилалӣ эътироф гардида, пайваста барои амалишавии он тадбирҳои саривақтию мушаххас андешида мешавад. Дар навбати худ дипломатияи парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ манбаи муҳим барои татбиқи самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бахусус, дар шароите ки ташаккули низоми бисёрқутбии олам ба раванди баргаштнопазир табдил ёфтааст, робитаҳои берунии парламент метавонад ҳампаҳлу бо сиёсати хориҷии кишвар барои паҳни иттилоот оид ба ҳадафҳои аслии рушди кишвар, тавсеаи тамосу таомулот бо мақомоту намояндагони мамлакатҳои дигар қадамҳои устувор ниҳад.
Саидмурод Фаттоҳзода,
Хайриддин Усмонзода,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон