Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми мустақил яке аз институтҳои демократӣ мебошад, ки робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият мебахшад. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ҳамсуҳбат шуд, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон менамоем.
- Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна амалӣ мешавад?
- Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст ва онҳо омили асосии муайянкунандаи ҳадафҳо, муҳтаво ва истифодаи қонунҳо, фаъолияти шохаҳои қонунгузор ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гардида, аз тарафи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон аз ҷониби Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида, ҷиҳати амалисозии онҳо чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ имконият доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ободониву созандагии худро роҳандозӣ ва дар кӯтоҳтарин муҳлат оқибатҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро бартараф намояд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварад.
Яке аз нишонаҳои асосии давлати демокративу ҳуқуқбунёд ин эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад ва ҷиҳати таъмин намудани ҳамин муқаррароти конститутсионӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзанд.
Бо мақсади тақвият додани кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳанӯз соли 2007 Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакатамон ниҳоди миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад. Ҷиҳати амалисозии ин ибтикори Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» таҳия ва қабул гардид, ки аз 4 апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифтааст.
Дар асоси қонуни мазкур 27 майи соли 2009 бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъин карда шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб фаъолияти амалии мақомоти мазкур оғоз ёфт.
Мавҷудияти ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон яке аз нишонаҳои муҳими демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани давлат дар замони муосир мебошад. Таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон — давлате, ки ҷонибдории худро ба принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ баён намудааст, аҳамияти басо муҳим дорад.
- Соли 2016 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 50-солагии ду паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон — Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва инчунин Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷашн гирифта мешавад. Санадҳои зикршуда дар рушди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон чӣ нақш доранд?
- Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон дар ин ду санад танзим шудаанд ва дигар санадҳои байналмилалии марбута аз ин санадҳо сарчашма мегиранд. Иҷрои меъёрҳои паймонҳои мазкур барои давлатҳои аъзо ҳатмӣ мебошад ва ҳар яки онҳо бояд дар панҷ сол як маротиба оид ба рафти иҷрои меъёрҳои ин паймонҳо ба кумитаҳои дахлдори СММ Маърӯза пешниҳод намояд.
Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо Қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 16 декабри соли 1966 қабул шуда буд, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 ба тасвиб расидааст. Оид ба иҷрои муқаррароти паймони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба (солҳои 2006 ва 2015) Маърӯза пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуданд. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2015 — 2020 аз 22 октябри соли 2015 тасдиқ гардид ва амалисозии он ба роҳ монда шуд.
Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бошад, 16 декабри соли 1966 қабул гардида буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 13 ноябри соли 1998 ба тасвиб расонид. Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳое, ки аз санади мазкур бармеоянд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон Маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод намуд, ки онҳо солҳои 2005 ва 2013 дар кумитаи мазкур баррасӣ шуданд. 23 июли соли 2014 Нақшаи миллӣ вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба Маърӯзаи миллии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи ин санади байналмилалӣ барои солҳои 2014 — 2016 тасдиқ гардид, ки айни замон амал дорад.
- Ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти Ваколатдор чӣ корҳоро ба нақша гирифтааст?
- Соли ҷорӣ амалисозии Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои панҷ соли сипаришуда бомуваффақият ба анҷом расонида мешавад. Ҳоло Стратегияи нави рушди ин мақомот барои солҳои 2016 — 2020 таҳия шудааст. Дар мизи мудавваре, ки вобаста ба Рӯзи ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор мегардад, Стратегияи нав муаррифӣ мешавад ва фаъолияти мақомотро дар панҷ соли оянда муайян менамояд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мо дар панҷ соли оянда идома додани амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 — 2020 мебошад. Барномаи мазкур серҷабҳа буда, на танҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бар мегирад ва аз ин лиҳоз, амалисозии он ҷидду ҷаҳди зиёдеро талаб мекунад.
Дар баробари ин, дигар самтҳои афзалиятнок, аз қабили озодӣ аз шиканҷа, дастрасӣ ба иттилоот, баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ин барнома дар бар гирифтааст.
Боиси қаноатмандист, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Зимни пешниҳоди Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат супориш доданд, ки мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо дар ояндаи наздик ин мусоидат дар таъсис додани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари ҳамаи ин нақшаҳо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи Стратегияи нави рушди мақомот барои солҳои 2016 — 2020 дар дигар самтҳои афзалиятноки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон низ тақвият хоҳад бахшид.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»