Фаъолияти сарҳадчиёни Тоҷикистон сол аз сол беҳтар, сарҳад боз ҳам мустаҳкам ва бехатар мегардад. Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ барои хизмати пурсамари сарҳадбонон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки танҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадии ВМКБ аз оғози соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз 8 гузаргоҳи сарҳадӣ ва гумрукӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ин навбат дар дурдасттарин деҳаи ноҳияи Ишкошим — Лангар гузаргоҳи гумрукии байнисарҳадии дорои шароити муосир ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хиҷаме Китаока, муовини сардори Ташкилоти байналмилалии «Ҷайка» Иное Кен ширкат намуданд. Онҳо иншооти бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо аз назар гузаронида, қаноатмандии хешро аз сифати корҳои анҷомёфта иброз доштанд.
Маблағгузори асосии сохтмони гузаргоҳи байнисарҳадӣ дар мавзеи Лангар Сафорати Япония мебошад. Ташкилоти ҳамкории фаромарзии байни Тоҷикистону Афғонистон — JICA бошад, сохтмони онро ба маблағи зиёда аз 12 миллион сомонӣ анҷом додааст. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал -полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, ба сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хиҷаме Китаока изҳори миннатдорӣ кард.
Сардори Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Сафар Ризвонзода иброз дошт, ки гузаргоҳи гумрукӣ бо таҷҳизоти замонавии электронӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст ва барои фаъолияти пурмаҳсули кормандон мусоид мебошад.
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»