Вокуниш

Гузориши бепоя ва ғаразнок

№48 (4944) 16.04.2025

Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ (USCIRF) дар гузориши солонааш, дар умум, вазъи озодиҳои диниро дар соли 2024 дар Тоҷикистон «ниҳоят бад» арзёбӣ кардааст. Муаллифон, ки бениҳоят «ғанӣ» будани тахайюлашон зери суол нест, талқин намуданианд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ин сол «қонунҳои сахт­гиронаро ҷорӣ кард ва назоратро бар ҳамаи гурӯҳҳо пурзӯр намуд». Лозим ба ёдоварист, ки чунин «раддабандӣ» маротибаи аввал набуда, аз соли 2016 шурӯъ гардидааст.

Дар ҳоле ки теъдоди кӯдакони дар Ғазза кушташуда ба 15000 расидаю миллион нафари дигар овораанд, дар замоне ки ба шарофати «ниҳоят хуб» будани вазъи озодиҳои динӣ дар ҳамсоякишвар ҳуқуқи миллион кас, хоса занон, дағалона нақз шудааст, ин гуна «баҳогузорӣ»-и вазъи озодиҳои динӣ дар кишваре, чун Тоҷикистон, мазҳакаофарие беш нест. Ба таъбири Аттор:

Айби худ баъзе набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Хуб дарк менамоям, ки дин ва масъалаҳои марбут ба он бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир ҳамеша таваҷҷуҳбарангез буда, мунтазам дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ҳарчанд баъзе ташкилотҳои «соҳибрисолат» бо сафсатапароканӣ дар мавриди озодиҳои динӣ «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд, вале баланд будани сатҳи диндории сокинони кишвар далели бебаҳс аст. Ин андешаи инфиродии банда набуда, натиҷаи пажӯҳиши нашрияи британии «The Telegraph» мебошад, ки тибқи он сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин — 85 фоиз арзёбӣ гардид.

Чунин ба назар мерасад, ки ашхоси озодии эътиқод дар мамлакатамонро зери суол мебурда аз моҳияти дин ва нақши он огоҳ нестанду аксар маврид миёни дин ва хурофот фарқ намегузоранд.

Бигзор ашхоси ҳавасманд дар мавриди сиёсати Ҳукумати мамлакат андешаҳои танқид­омезашонро дар заминаи риояи мақаррароти мавҷуда бо пешниҳоди далелу рақамҳои асоснок иброз намоянд. Ин ҳаққи онҳост ва касе ба ин «ҷаноб»-ҳои «дилсӯз» монеа эҷод намесозад. Вале бо ин тарз, ки ҳадаф таҳмили андешаҳои муғризона маҳсуб мешавад, ҳаргиз қобили қабул нест.

Онҳое, ки озодиҳои динӣ дар кишвари моро «маҳдуд» арзёбӣ кардаанд, чаро намегӯянд, ки бо кадом сабаб ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба миён гузоштаву то ба имрӯз ба он устувор аст?

Чаро абарқудратҳо, ки гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои мусулмоннишин «арҷгузорӣ» менамоянд, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд?

Ба касе пӯшида нест, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад. Ҳамрадиф бо ин, фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи он метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.

Таҳиякунандагони «раддабандӣ» нодида гирифтаанд, ки пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имкони мусоид фароҳам омад. Ҳарчанд марҳилаи аввали ин раванд хеле душвор сипарӣ шуд, вале имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати мустақил ва иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шудааст ва мақоми шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Табиист, ки дар ин ҷода муайян намудани мақоми дин дар ҷомеа аз мадди назар дур набуд.

Набояд нодида гирифт, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон, боис гашт, ки шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд. Эълони озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, бунёди масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ ва ғайра сабаб гардиданд, ки таваҷҷуҳи мардум ба дин тамоюли афзоишро касб намояд.

Аслан дингароие, ки «дӯстон»-и мо ба он майл доранд, падидаи сунъӣ буда, ба хурофот рабт дорад ва дар сурати густариш пайдо намудан паёмадҳои ногувор ба бор меорад. Мо бояд фаромӯш накунем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав — таври густурда тарғиб намудани бунёдгароии динӣ маъмул буд. Кор то ба ҷое расид, ки як олими маъруф ба андозаи як муллои чаласавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти таълими динӣ гирифтан дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и чунин муллоҳо об мерехт.

Дар мавриди «нигаронӣ» вобаста ба либоси ба истилоҳ мазҳабӣ бояд мадди назар дошт, ки қисмати зиёди онҳое, ки пӯшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва «моҳият»-и онро намедонанд. Роҳбари хирадсолори кишвар дар раванди таҳлили амиқу доманадори масъалаи мавриди назар минҷумла таъкид намуданд, ки «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест».

Тибқи иттилои мақоми ваколатдори соҳа, мусулмонони Тоҷикистон асосан пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоатанд. Танҳо се дарсадро пайравони мазҳаби исмоилии ислом ташкил медиҳад. Дар кишвар беш аз 4000 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳаби гуногуни ғайриисломӣ озодона зиндагӣ мекунанд, ки 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шудааст.

Дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, эълон шудани Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик ва аксар мусулмонони ҷаҳон — Имоми Аъзам (р), ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани Қуръони карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани таълими фанни «Таърихи дин» ва ғайра идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб меёбанд.

Муҳимтар аз ҳама, бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консеп­сияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид, ки мақсаду вазифа ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо назар­дошти манфиатҳои миллӣ муайян ва танзим менамояд.

Бояд ҳатман аз он ёдовар гардем, ки меъёр­ҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳаҳои кишвар, аз ҷумла дин, заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Моддаҳои 1, 5, 8, 10, 14, 17, 26, 30 ва 100 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба самти ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бахшида шудаанд, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар ин асос, меъёрҳои Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар самти озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мавқеи асосиро ишғол менамоянд.

Муҳим он аст, ки дар асоси талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидоштаро манъ намудааст, ки ногузирии меъёри мазкурро дар масири таърих таҷрибаи давлатдории миллии муосири тоҷикон собит намудааст.

Санади меъёрии ҳуқуқии асосие, ки фаъо­лияти иттиҳодияҳои диниро дар Тоҷикистон бевосита танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Тибқи он, озодии инсон ва шаҳрванд нисбат ба интихоби дин, инчунин, ба ҷо овардани маросими динӣ кафолат дода шуда, иттиҳодияҳои динӣ дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамоянд. Қонуни зикршуда муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим намуда, дахолат накардани давлатро ба фаъо­лияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷуз аз ҳолатҳое ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин мекунанд.

Инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ», «Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар», «Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши муҳим доранд.

Набояд нодида гирифт, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши назаррас дошта, татбиқи онҳо бо риояи талаботи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ба ин гуна санадҳо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, ҷудои­хоҳӣ ва ифротгароӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Тамоми шароит фароҳам аст, ки иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда, давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ, инчунин, дар масъалаҳои таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифротгароӣ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкории самарабахши давлат ва иттиҳодияҳои динӣ унсури муҳими таъмини субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, эътироф бояд кард, ки саҳми иттиҳодияҳои динӣ дар беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, бунёдкорию созандагӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Муҳим ва мантиқан дуруст аст, ки давлат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии гуногун мусоидат намуда, ба тавсеа ёфтани таассуб, хурофот ва ифротгароӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад. Зеро дар шароити кунунӣ муборизаи оштинопазир бо экстремизм ва терроризм аз авлавиятҳои сиёсати дилхоҳ давлат ба шумор рафта, муносибати дуюмдараҷа ба он пайомадҳои ногувор ба бор меорад.

Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» тасдиқ карда шуд, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизмро муайян менамояд.

Дар маҷмуъ, ҳадафи давлат аз ибтикори амалишуда фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳкими робита бо иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши озодии виҷдон, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав, ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа мебошад.

Аз ин бармеояд, ки «хулоса»-и USCIRF комилан бепоя ва ғаразнок аст.

Далер АБДУЛЛО,

номзади илмҳои сиёсӣ