Нақшаи истеҳсоли ангишт барзиёд иҷро шуд
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, истеҳсоли ангишт аз аввали сол то имрӯз ба зиёда аз 500 ҳазор тонна расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2014-ум 88 ҳазор тонна зиёд мебошад. Айни замон дар корхонаҳои истеҳсоли ангишт дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз панҷ то ҳафтуним ҳазор тонна ангишт истеҳсол мегардад. Дар истеҳсоли ангишт саҳми КФ «Кони ангишти Зиддӣ», ҶСШК «Кони ангишти Шӯроб», КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб», Ширкати тиҷоратии «Сайёд», КФ «Кони ангишти Назарайлоқ» ва ҶДММ «Санғалт» бештар назаррас аст.
Ифтитоҳи Донишкадаи Конфутсий дар Тоҷикистон
ЧКАЛОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мрдум») Дар назди Донишкадаи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов Донишкадаи Конфутсий ташкил гардид, ки дар маросими кушодашавии он намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти як қатор корхонаҳои бонуфузи муштараки Тоҷикистону Хитой иштирок намуданд. Ба донишкадаи мазкур муаллимони баландихтисос аз Хитой ҷалб карда мешаванд. Дар навбати аввал барои кушодашавӣ ва ба фаъолият оғоз намудани донишкада 150 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Машварати августии омӯзгорони Хатлон
КӮЛОБ. (Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар Қасри фарҳанги шаҳр машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, сардори Раёсати маорифи вилоят Ҳокимхон Валиев ва боз чанде аз иштирокчиён ба сухан баромада, оид ба фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли хониши 2014-2015 андешаронӣ намуданд. Зикр гардид, ки соли хониши гузашта дар баробари камбудиҳои ҷойдошта, соли дастовардҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.
Туҳфаи идона ба ниёзмандон
ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинони деҳаи Пахтабойи деҳоти «10-солагии Истиқлолият» вохӯрӣ баргузор намуда, барои ҳалли як қатор мушкилоти онҳо чораҳои зарурӣ андешиданд. Аз ҷумла барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба онҳо 16 гектар замин ва як автобуси мусофирбари тамғаи ПАЗ-672 барои хизматрасонӣ ҷудо гардид. Ҳамчунин ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон маводи ғизоӣ ва кумакпулиҳо расонида шуд.
Толори нави замонавӣ
ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Сохтмони толори нави замонавӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳр идома дорад. Масоҳати умумии ин иншоот 480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои сохтмони он 688 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Сохтмончиён тасмим гирифтаанд, ки иншооти мазкурро бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ то Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор диҳанд.
Мумфаршкунии роҳҳо идома дорад
СПИТАМЕН. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар доираи иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод» дар ноҳия 13,9 километр роҳҳо мумфарш карда, 76,9 километр роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда, 85 километри дигар шағалпӯш шудааст.
То имрӯз дар ноҳия ҷамъ 176 километр роҳҳо таъмир ва нақшаи солонаи навсозии роҳҳо 102 фоиз таъмин гардидааст. Барои таъмиру навсозии роҳҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо 759,4 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолият
НУРОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия омодагӣ ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Бахши фарҳанги ноҳия ба нақша гирифтааст, ки аз якуми сентябри соли равон сар карда, дар маҳалҳо барномаҳои фарҳангии омоданамудаашро пешкаши сокинон намояд. Барномаи ҷамъбастӣ рӯзи 9 сентябр дар маркази ноҳия — шаҳраки Дарбанд манзури тамошобинон мегардад.
Кумаки зоирин ба осебдидагони офати табиӣ
РАШТ. ( Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Ҳаштод нафаре, ки имсол аз ноҳияи Рашт нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, дар вохӯрӣ бо раиси ноҳия иброз доштанд, ки ҳар кадомашон ба суратҳисоби осебдидагони деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ» ба маблағи сад долларии ИМА мегузаронанд. Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшоҳ ба зиёраткунандагони хонаи Худо барои чунин амали некашон аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуд.
Таҷлили Иди ангиштканон
ИСФАРА. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)Бахшида ба рӯзи Иди касбии ангиштканон дар маҷлисгоҳи корхонаи ҶСШК «Кони ангишти Шӯроб»-и шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир иштирок намуда, ангиштканонро бо иди касбиашон табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки дар тӯли ҳашт моҳи соли равон корхона 35867 тонна ангишт истихроҷ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1136 тонна зиёд аст. Дар поёни ҷамъомад ба собиқадорони соҳа ва пешқадамони истеҳсолот сипоснома ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр супорида шуд.
Иди «Асал ва харбуза-2015» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ. (Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Дар Маҷмааи савдои «Пойтахт-90», бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи Боло» ва «Деҳқон»-и шаҳри Душанбе Иди «Асал ва харбуза-2015» доир шуд. Дар ин чорабинӣ беҳтарин кишоварзони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуда, навъҳои беҳтарин ва хушсифати асалу харбуза ва маҳсулоти аз асал омодагардидаро ба намоиш ва фурӯш бароварданд.
Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ зиёда аз 90,4 тонна асал, 144 тонна харбуза ва 70 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои 20-25 фоиз арзонтар нисбат ба бозор ба фурӯш бароварда шуд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.