Пахтачинӣ хатлониён пешсафанд
ДУШАНБЕ. ( Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат то чоруми сентябри соли 2015 кишоварзони вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафи ин маърака мебошанд. Онҳо аз аввали мавсим 21397 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 7,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Имсол дар вилоят аз майдони 113045 гектар истеҳсоли 275250 тонна пахта пешбинӣ шудааст. Барои ҷамъоварии пахта ҳамарӯза 65969 нафар чинакчиён машғул мебошанд.
Комёбиҳои кишоварзон
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Соли равон кишоварзони ноҳия ҳосили фаровони ғалла, мева ва сабзавотро ба даст оварданд. Баъди ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар заминҳои холишуда кишти такрории картошка, пиёз, сабзавот, офтобпараст ва шолиро ба роҳ монданд, ки имрӯз ҳосили дилхоҳ дода истодааст. Кишоварзони хоҷагии «Баракати чорводор» то имрӯз аз ҳар гектар замини картошка 350 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар ноҳия мебошад. Ҳосили рӯёнидаи деҳқонони хоҷагии ба номи Латиф Муродов бошад, аз ҳар гектар замини картошка 202,5 сентнериро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ҷамъоварии ҳосили картошка, пиёз ва дигар намуди зироат идома дорад.
Пули нақлиётгузар барқарор гардид
ШУҒНОН. (Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят — «Бадахшонроҳ» пули муваққатии мошингузар бо иқтидори 30 тонна борбардорӣ васл гардид.
- Дар натиҷаи рух додани офати табиӣ дар деҳаи Барсем се пули мошингузар корношоям гардида буд, ки мо имрӯз барои барқарор кардани ҳарсеи он кор карда истодаем. Барои сохтмони пулҳо зиёда аз панҷ миллион сомонӣ лозим аст. Акнун тавассути ин пули муваққатӣ маводҳои зарурӣ бе монеа ба деҳа интиқол меёбанд,- гуфт сардори Муассисаи роҳсозии вилоят Мамадҷон Ширинҷонов.
Чил нафар сазовори дипломи аъло
ХУҶАНД. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») — Аз 715 нафар хатмкунандагони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият супоридаанд, 40 нафарашон сазовори дипломи аъло гардиданд,- гуфт корманди масъули ин муассисаи таълимӣ Нӯъмон Раҷабзода. Бино ба гуфти мавсуф, дар соли хониши 2014-2015 аз шумораи умумии хатмкунандагон, ки 309 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 406 нафарашон дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекарданд, 90 нафар донишкадаро бо баҳои хубу аъло, 134 нафар хуб ва боқимонда бо баҳои қаноатбахш хатм карданд.
Матбааи нав ба фаъолият шурӯъ кард
ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкори шинохта Авазхон Кабиров дар маркази ноҳия матбааи замонавӣ, ки бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст, дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Акнун ноҳияҳои ҳаммарз — Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Темурмалик метавонанд нашрияҳои худро дар ин матбаа ба чоп расонанд.
Кумаки соҳибкор ба ятимон
ШАҲРИТУЗ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Соҳибкори маҳаллӣ Тошмурод Бақоев ба мактаб-интернати ноҳия, ки бештари хонандагонаш ятим ва аз оилаҳои ниёзманд мебошанд, ба миқдори 550 килограмм пахта кумак намуд. Ҳамчунин бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рахти хоби хонандагон иваз карда, синфхонаҳои бинои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд.
Бонувони соҳибгрант
ҒОНЧӢ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ду нафар бонуи ҳунарманди ноҳия — Туҳфа Назаралиева аз деҳаи Ғазантарак ва Ҷумъагул Шарифова аз деҳаи Лолазор дар озмуни «Барои гирифтани грант»- и раиси вилояти Суғд иштирок варзида, мутаносибан соҳиби 10000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ гардиданд. Туҳфа Назаралиева ният дорад, ки маблағи хешро барои роҳандозии лоиҳаи шуғл ба омӯзиши ҳунарҳои қуроқдӯзию муҳрабофӣ ва Ҷумъагул Шарифова барои ривоҷу такмили адрасбофӣ сарф кунанд.
Синфхонаҳои нав дар деҳоти Равнич
КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. (А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Ба ифтихори 24 — умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Равничи деҳоти ба номи Иван — тоҷики ноҳия синфхонаҳои нав мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтанд. Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ба ин муносибат устодон ва хонандагони муассисаи таълимии мазкурро муборакбод гуфта, дар мавриди пешрафти соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолии кишвар сухан ронд. Қобили зикр аст, ки синфхонаҳои нав бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва волидайни хонандагон бунёд шудаанд.
Зоирин боғча бунёд намуданд
Ҷ. РУМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо кумаку дастгирии 105 нафар зоирине, ки нияти сафари ҳаҷ доштанд, дар шаҳраки ба номи С. Исоеви ноҳия бинои боғчаи бачагона бунёд гардид. Боғча аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт 95 нафар кӯдакро қабул карда метавонад ва дар ин ҷо барои фароғату тарбияи онҳо тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Дар маросими ифтитоҳи боғча раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ба зоирин барои ин амали хайру савобашон арзи миннатдорӣ намуд. Зоирин иброз доштанд, ки дар оянда ҳам дар чунин кори хайр, ки садақаи ҷорӣ маҳсуб меёбад, иштирок хоҳанд кард.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.