Муаррифии дирӯз ва имрӯзи Ҳисор
Душанбе. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори шодмон дар мавзӯи «Нақши Ҳисори шодмон дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конференсияро директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода ифтитоҳ кард.
Сипас, олимону муҳаққиқон дар мавзӯъҳои «Доираи адабии Ҳисор», «Мулоҳизаҳо доир ба этимологияи вожаи «Шумон», «Эҷодиёти шеърию мусиқии водии Ҳисор», «Инъикоси раванди омодагӣ ба 3000 — солагии Ҳисори шодмон дар матбуоти даврӣ» суханронӣ карданд.
Кумитаҳои маҳалла фаъол мегарданд
НУРОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (иҷлосияи сеюм, даъвати панҷум) дар қатори дигар масоил ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро оид ба ташкили кор, ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва вазифаҳо ҷиҳати беҳдошти фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки давоми солҳои охир коргузорӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған
А. ҶОМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо мақсади қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо равғанҳои шифобахши зағеру маҳсар корхонаи хурди истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи нав дар яке аз гӯшаҳои дурдасти ноҳия — деҳоти «Иттифоқ» бунёд ёфтааст.
Соҳибкори маҳаллӣ Иноят Ҳошимова, ки ин корхонаро бунёд намудааст, зимни суҳбат иброз дошт, ки бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хом бо якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома бастаанд. Тибқи шартномаҳо хоҷагидорон парвариши зағеру маҳсарро ба роҳ мондаанд. Дар корхонаи нав даҳ нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гардиданд.
Азнавсозии роҳ дар марҳилаи анҷомёбист
ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)Азнавсозии роҳи 88 — километраи Восеъ-Ховалинг, ки ибтидои моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд, босуръат идома дорад. Роҳи мазкур бо маблағи грантии Бонки Осиёии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ 32 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд, аз ҷониби Ширкати «Синдром» — и Ҷумҳурии Халқии Хитой азнавсозӣ гашта истодааст. Дар баробари таҷдиди роҳ, 12 адад кӯпрукҳои он низ азнавзозӣ мешаванд.
- Бо дарназардошти наздик омадани фасли сармо мо тамоми қувваи худро баҳри вусъат бахшидани корҳо равона кардаем. Айни ҳол 49 фоизи корҳои азнавсозии роҳу кӯпрукҳо ба анҷом расидаанд,- иброз намуд зимни суҳбат директори тиҷоратии ширкати мазкур Счен Бен Линг.
Ҳосилнокӣ меафзояд
ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар ноҳия ҷамъоварии заҳмати кишоварзон босуръат идома дорад. Кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 2345 гектар ғалладона кишт намуда, то имрӯз 1800 гектари онро ғундоштаанд. Аз ҳар як гектар 20 сентнерӣ ҳосил гирифтанд, ки дар маҷмӯъ 3600 тоннаро ташкил менамояд. Имсол картошкапарварони ноҳия дар майдони 914 гектар картошка кишт намуда буданд, ки айни ҳол 420 гектараш ҷамъоварӣ шудааст.
Дар суҳбат сардори шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Қурбоналӣ Талбонов иброз намуд, ки сифати картошкаи имсола аз соли гузашта хуб аст ва ният дорем, ки як қисми ҳосили бадастовардаро барои тухмӣ захира намоем.
«Бахт» — хоҷагии пешсаф
ЗАФАРОБОД. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ҷомеаи меҳнатии хоҷагии деҳқонии «Бахт» дар ноҳия аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли «тиллои сафед»-ро иҷро карданд. Бино ба иттилои корманди масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Б. Бердиев, заркорони хоҷагӣ дар майдони 16 гектар пунбадона кишт карда, дар як муддати кӯтоҳ бештар аз 40 тонна ҳосил ҷамъ оварданд, ки аз ҳар гектар 25 сентнериро ташкил медиҳад.
Бунёди беморхона мушкили мардумро рафъ намуд
МУРҒОБ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)Cоли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 21 муассисаи тиббӣ таъмир ва навсозӣ шуданд. Яке аз чунин муассисаҳо беморхонаи минтақавии деҳоти «Қаракӯл»-и ноҳияи Мурғоб мебошад. Деҳоти мазкур дурдасттарин нуқтаи аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зиёда аз 700 нафар аҳолӣ дорад.
Соли гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати кишвари Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавӣ 567 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Беморхона соли равон мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол 16 нафар кормандони соҳа, ки маълумоти миёна доранд ва як нафар духтури дорои маълумоти олӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Беморхона дорои даҳ кат, шуъбаҳои терапевтӣ, касалиҳои кӯдакона ва таваллудхона мебошад.
Дӯстиро Ҷустуҷӯ дорем мо
ТАВИЛДАРА. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)Дастаи ҳунарии фолклорӣ — этнографии назди раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сарварии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амриддини Кабир дар маркази ноҳия бо барномаи рангин хотири тамошобинони сершуморро шод гардонд. Дастаи ҳунарии мазкур тибқи нақша ба тамоми навоҳии водии Рашт сафари ҳунарӣ менамояд.
- Мақсад аз ин сафар мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ мебошад. Аз он шодем, ки моро хуб қабул менамоянд ва мухлисони зиёде барои тамошои барномаҳои консертиамон меоянд, — гуфт дар суҳбат Амриддини Кабир.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ.Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91