Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Покистон
ДУШАНБЕ. (Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»)Бисту нуҳуми октябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор гардид. Дар он муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова доир ба фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро ва президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндии Покистон Тоҷикистонро яке аз давлатҳои дӯсти кишварашон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳавасманди рушди муносибатҳои тиҷоратии миёни ду кишвар ҳастанд.
«Набзи мусиқии муосир» — и Ҷасур Халилов
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии «Набзи мусиқии муосир»-и Ҷасур Халилов баргузор гардид. Дар барнома бори нахуст асарҳои «Дарвеш», «Аз ман марав», «Парирӯ», «Лайлӣ ва Маҷнун» пешниҳод гардиданд, ки ба аҳли толор писанд омаданд. Ҷасур Халилов якҷо бо гурӯҳи эҷодӣ тавонистанд, ки нафосати мусиқии тоҷикро дар жанрҳои эстрадӣ ва ҷаз муаррифӣ намоянд.
Китобхонаи нав
ИСТАРАВШАН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳаи Обҷувози деҳоти «Қалъачаи Калон» бо ташаббуси китобдори китобхона- филиали № 23 М. Каримова ва дастгирии сокинони деҳа бинои нави китобхона бунёд гардид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба ин муносибат дар бинои тозабунёд семинари сайёри китобдорон баргузор гардид. Директори китобхонаи марказии шаҳр М. Иноятов ба ташаббускорони ин иқдоми нек арзи сипос кард. Сипас, чанде аз китобдӯстон ба сухан баромада, ҷавонону наврасонро ба китобдӯстӣ ва китобхонӣ ташвиқ намуданд.
Конститутсия — cанади олии ҳуқуқӣ
ХУҶАНД. (А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба пешвози Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни факултети физикаю техника чорабинӣ баргузор гардид. Чорабиниро декани факултети мазкур Раҳим Назаров ҳусни оғоз бахшид. Донишҷӯёни курси якуми факултет дар назди иштирокдорон дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон шеърҳо қироат карданд. Мақсаду мароми гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҳар як донишҷӯ мебошад.
Омодагӣ ба зимистон
РАШТ. ( Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Тавре аз суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Холмаҳмад Ортиқов маълум гардид, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба зимистони солҳои 2015 -2016 омода шудаанд. То имрӯз ба миқдори 1247 тонна ангишт ва дигар маводи сӯзишворӣ захира шудааст. Биноҳои таълимӣ пурра таъмиру тармим ва синфхонаҳо бо оташдон таъмин шудаанд. Акнун хонандагони ноҳия метавонанд дар фасли зимистон таҳсилро бе душворӣ идома диҳанд.
Бинои нави Агентӣ
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар маркази ноҳия бинои дуошёнаи шуъбаи навтаъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба истифода дода шуд, ки он бо таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хуби корӣ таъмин мебошад. Қобили зикр аст, ки бинои мазкур бо иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кумаки молиявии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Оғози сохтмони бинои нави таълимӣ
ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и деҳаи Чорбоғи деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов бунёди бинои нави таълимӣ оғоз гардид. Бинои нав, ки аз ду ошёна ва ҳашт синфхонаю утоқҳои фаннӣ иборат мебошад, соли оянда мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.
- Маблағгузории ин бинои нави таълимиро Фонди глобалӣ — католикии Бонки Умумиҷаҳонӣ ба уҳда дорад ва он аз ҷониби яке аз ташкилотҳои сохтмонии ноҳия бунёд гашта истодааст, — гуфт сарвари муассиса Файзалӣ Шарифов.
Барои татбиқи се лоиҳа 270 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ гардид
ВМКБ. (Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум») Дар се ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се лоиҳаи нав амалӣ мегардад. Дар ин хусус Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаши Камада ва намояндагони ваколатдори созмонҳои мададгор ба мувофиқа расиданд. Ҷониби Япония барои татбиқи се лоиҳа — Лоиҳаи таъмини ноҳияи Ванҷ бо техникаи соҳаи кишоварзӣ ва роҳсозӣ, Лоиҳаи беҳдошти низоми обёрии деҳаҳои Миденшор ва Хосаи деҳоти «Поршинев»-и ноҳияи Шуғнон ва Лоиҳаи таҷдиди роҳҳои деҳаҳои Хичих ва Синдеви ноҳияи Роштқалъа 270 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ намудааст.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Тел: 238-58-91