Захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Тибқи маълумоти Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то якуми ноябри соли 2015 дар ҷумҳурӣ 65029 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ захира карда шудааст, ки 47582,8 тоннаи онро ғалладонагиҳо ташкил медиҳад. Аз ин нишондод 42826,4 тоннаи он гандум, 3326,4 тонна ҷав, 338,7 тонна шолӣ, 515,6 тонна ҷуворимакка, 369,0 тонна лӯбиёгиҳо буда, 206, 7 тоннааш ғалладонагиҳои дигарро дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар ин давра дар ҷумҳурӣ 6,8 тонна полезиҳо, 2,4 тонна юнучқа, 65,3 тонна сабзавот ва 17372,0 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шудааст.
Ифтитоҳи осорхонаи зоологӣ
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)
Бо ибтикори кафедраи зоологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳраки донишҷӯён машварати илмӣ — назариявӣ бахшида ба кушодашавии Осорхонаи зоологии факултети биологияи ба номи шодравон дотсент Исоқов Саттор Исоқович доир гардид.
Дар машварат ректори донишгоҳи мазкур академик М. Имомзода ширкат варзида, саҳми С. Исоқовро дар пешрафти илми кишвар баланд арзёбӣ кард. Сипас, намояндагони Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон, аҳли илм ва дӯстону ҳамсабақон оид ба фаъолияти илмӣ — педагогии шодравон Саттор Исоқов маърӯза намуданд.
Дар охир иштирокдорони машварат аз осорхона дидан карданд.
Даъвати собиқадорон ба ватандорию меҳанпарастӣ
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Чанде пеш пленуми навбатии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба «Натиҷаҳои чорабиниҳо ба истиқболи 70-солагии ғалабаи мардуми Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ дар шаҳру навоҳии минтақа» баргузор гардид. Дар пленум раиси Шӯро Мирзо Бекматов суханронӣ карда, як қатор амалҳои шоистаи дар ин самт баиҷрорасидаро, ки баҳри баланд бардоштани муҳаббати ватандорию меҳанпарастии наврасону ҷавонон кумаку мусоидат намуданд, ном бурд.
Дувоздаҳ оила соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шуд
ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар арафаи ҷашни Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия бинои дуошёнаи истиқоматиро, ки аз 12 хонаи истиқоматии ду-се ҳуҷрагӣ иборатанд, ба истифода дод. Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бо харҷи ду миллион сомонӣ сохта шудааст. Сохтмони биноро ҶСК «Вафодор» дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонид. Акнун дувоздаҳ оила соҳиби хонаҳои нави замонавӣ гардиданд.
Замин соҳиби худро ёфт
ИСФАРА. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Деҳқони асил Назрибой Болтаев аз шаҳраки Исфара баъди таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ соҳиби саҳмияи худ гардид. Ӯ ва аҳли хонаводааш дар майдони 0,25 гектар замин чор навъи помидори голландиро парвариш карданд. Натиҷаи меҳнати хуби онҳо буд, ки беш аз 20 тонна ҳосил гирифтанд. Онҳо ният доранд, ки соли оянда меҳнати дучанд карда, ҳосили бештар ба даст оваранд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид
ФАЙЗОБОД. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар доираи корҳои ободонию сабзгардонӣ маъракаи ниҳолшинониро аз ҳоло оғоз намуда, ба шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар шафати роҳҳои ноҳия шурӯъ карданд. Мувофиқи нақша дар шоҳроҳи ҳудуди ноҳия, ки 50 километр тӯл мекашад, 33 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад. Айни ҳол дар ду тарафи шоҳроҳ 7861 бех ниҳол шинонида шудааст ва кормандони раёсат тибқи нақша ният доранд, ки боз 5470 ниҳоли дигар шинонанд.
Истеҳсоли тафдонҳои таҷдидшуда
МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади ҳифзи ҷангал ва самаранок истифода намудани тафдонҳо дар фасли сармо зери дастур ва роҳнамоии намояндагии Ташкилоти байналмилалии «Каритас»- и Швейтсария ва устоҳои маҳаллӣ истеҳсоли тафдонҳои нав ба роҳ монда шуд.Тафдонҳои мазкур дорои радиаторҳои обӣ буда, дар қисмати дудбарои онҳо қуттиҳои гармидиҳӣ насб карда шудааст. Алҳол фурӯши тафдонҳои таҷдидшударо дар нуқтаҳои савдои ноҳия ва берун аз он ба роҳ мондаанд.
Дастоварди корхонаҳои саноатӣ
ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») - Аз оғози соли равон корхонаҳои саноатии ҶС «Холдинг Камолот», ҶДММ «Ҳадид», ҶС «Баракат», ҶСК «Исмоили Сомонӣ», ҶДММ «Куруши Кабир» ва панҷ корхонаи дигар хуб фаъолият карда, дурнамои истеҳсолии хешро дар нуҳ моҳи соли равон то 125 фоиз таъмин намуданд,-гуфт муовини якуми раиси шаҳр Афзуналӣ Абдураҳмонзода. Тайи соли равон дар шаҳр даҳ корхонаи нави хурду миёна ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо зиёда аз 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Маҳфил бахшида ба «Соли оила»
ДАРВОЗ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бахшида ба соли 2015 эълон гардидани «Соли оила» дар Маркази бонувони ноҳия маҳфили бошукӯҳ доир гардид. Дастовардҳои гузаштаву имрӯзаи сокинони ноҳия, ки аз фарҳанги волои сокинони он шаҳодат медиҳанд, ба намоиш гузошта шуданд. Дар маҳфил раиси ноҳия Абдураҳмон Саидбурҳони Саидраҳмон, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Майсара Мирзобайтова иштирок доштанд. Дар хотимаи маҳфил дар вазъияти тантананок ақди никоҳи ду ҷуфти ҷавон баста, ба ду тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд дода шуд.
Боз ду медали тилло дар чемпионати Осиё
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Даҳаи дуюми моҳи октябри соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон чемпионати Осиё оид ба мусобиқаи «Муай-Тай» баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони ноҳия Самандар Шарифов дар вазни 81 килограмм ва Шукурулло Ташрифов дар вазни 28 килограмм Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Ҳар ду варзишгари тоҷик дар майдон чусту чолокӣ ва маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло шуданд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон 238-58-91