Кишоварзони вилояти Хатлон пешсафанд
ДУШАНБЕ. ( Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта 398220 тоннаро ташкил медиҳад. Аз аввали мавсим то имрӯз дар ҷумҳурӣ 308725 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 77,5 фоизи дурнамо мебошад. Кишоварзони вилояти Хатлон дар ин маърака пешсаф буда, 229992 тонна (83,6 фоиз), вилояти Суғд 72325 тонна (64,6 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6408 тонна (58,4 фоиз) пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Маъракаи ҷамъоварии пахта дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома дорад.
Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Соли оила»
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)Чанде пеш бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба «Соли оила» дар мавзӯи «Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии муносибсозии бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити рушди устувори иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар кори он олимон, равоншиносон, мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар конференсия масъалаҳои истифодабарии захираҳои меҳнатӣ, асосҳои иҷтимоию иқтисодии он, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии оила, вазифаҳои он ва маблағгузорӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда вобаста ба талаботи «Соли оила» ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
Мизи мудаввар оид ба офатҳои табиӣ
ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳр бо ширкати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва кормандони масъули Бунёди Оғохон, Созмони «Фокус»-и Тоҷикистон оид ба кашф ва ҷилавгирӣ аз офтаҳои табиӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш бори дигар ҷалб кардани таваҷҷуҳи коршиносону сокинон ба он мавзеъҳое буд, ки эҳтимоли дучор шудан ба хатари офати табииро доро мебошанд. Дар рафти ҳамоиш ҳамчунин гуфта шуд, ки Созмони «Фокус»-и Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки тамоми мавзеъҳои хатарноки кишварро бо шарикони давлатию ғайридавлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода, сокинонро сари вақт ба ҷойҳои бехатар интиқол диҳад.
Мардум бо об таъмин мешаванд
ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)Ташкилоти хайриявии «Салиби Сурх» дар деҳаи Боғистони деҳоти «Чилгазӣ» бо тариқи ҳашар ба сохтани як ҳавзи захиравии об оғоз кард, ки ғунҷоишаш 60 метри мукааб мебошад. Баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонии ин ҳавз сокинони деҳа ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд. Обро ба тариқи худҷорӣ аз дарёи Исфара дар ҳавзи мазкур захира хоҳанд кард.
Шудгори замин ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия шудгор ва кишти тирамоҳӣ босуръат идома дорад. Кишоварзон тибқи нақша бояд 1400 гектар заминҳои обиро шудгор карда, дар майдони 1000 гектар ғалладона ва алафҳои бисёрсола кишт намоянд. Тавре аз суҳбат бо сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Қурбоналӣ Талбонов маълум гардид, то имрӯз 750 гектар замин шудгор ва дар майдони 500 гектар ғалладона кишт карда шудааст. Кишоварзон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то охири моҳ дар ноҳия шудгор ва кишти тирамоҳиро ба анҷом расонанд.
Вохӯриҳои муфид
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати ноҳия дар шаҳраки Ваҳдат, деҳоти «Сартало» ва «Янгишаҳр» бо ҷавононе, ки нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, вохӯриҳо доир намуданд. Дар вохӯриҳо кормандони шуъба дар атрофи масоили марбут ба вазъи имрӯзаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва иштибоҳи баъзе ҷавононе, ки аз нодонӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ мешаванд, суҳбат карданд. Айни ҳол 4064 нафар сокинони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки 208 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
«Ораш» — ҳаштумин муассисаи томактабӣ
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)Бо ибтикори раиси Ҷамоати деҳоти «Гулшан» Ҳомиддин Одинаев дар деҳаи Гулшан бо номи «Ораш» як боғча-яслӣ бунёд карда шуд. Дар ин муассисаи томактабӣ 100 нафар кӯдакони деҳа ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон дар боғча-яслӣ 12 нафар сокинони деҳа соҳиби ҷойи кор гардидаанд.
- Бо бунёди боғча-яслии «Ораш» шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҳудуди ноҳия ба ҳашт адад расонида шуд,- гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғазалшоҳ Сафаров.
Кумак ба чарогоҳистифодабарандагон
ШӮРООБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ба наздикӣ чарогоҳистифодабарандагони ноҳия ба туфайли «Барномаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» ва татбиқкунандагони он — Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соҳиби як трактори МТЗ-952, шаш дастгоҳи алафдаравӣ ва ду ядак (тележка) гардиданд. Пеш аз ин аз ҳисоби хазинаи IFAD ба хотири беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба соҳаи чорводорӣ ба байторони ноҳия 16 мототсикл тақдим шуда буд.
Бонувони маъюб соҳиби касб гардиданд
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)Тавассути Барномаи рушди СММ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Равонбахш» 26 нафар бонувони маъюб ва камбизоати ноҳия соҳиби касби дӯзандагӣ шуданд. Масъулони Барнома тасмим гирифтаанд, ки бонувони маъюбу камбизоатро бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ таъмин карда, барояшон шароити мусоиди меҳнатӣ фароҳам оваранд. Онҳо ба ин хотир дар деҳаи Файзободи деҳоти «Даштигуло» биноеро таъмир карда, ба ихтиёри маъюбону камбизоатон вогузор намуданд.
Озмуни «Тирамоҳи заррин»
РОҒУН. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасони назди шуъбаи маорифи шаҳр ҳамоиши мактаббачагону наврасон таҳти унвони «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Худойназар Салимов иброз дошт, ки барномаи чорабинии мазкурро намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли доруҳо аз гиёҳҳои гирду атрофи Роғуншаҳр ва викторина ташкил медиҳад. Дар озмун хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ҷойи аввал, мактаб-интернати бачагони болаёқат ҷойи дуюм ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон 238-58-91