Ҷамъоварии ҳосили картошка
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар кишти картошка гузаронида шуда буд. Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз майдони 20649 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2846 гектар зиёд мебошад.Миқдори умумии картошкаи ҷамъоваришуда 474779 тоннаро дар бар мегирад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 71980 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 229,9 сентнериро ташкил медиҳад.
Оила – оғози фардои мурод
ДУШАНБЕ. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум») Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон дар доираи «Соли оила» дар хобгоҳи донишкада байни донишҷӯдухтарон таҳти унвони «Оила – оғози фардои мурод» озмун баргузор намуд. Дар он духтарон аз рӯи шартҳои шеърхонӣ, сарояндагӣ, ороиши дастархон ва тақлидкории пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона маҳорати худро нишон дода, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар васфи муҳаббату оила намуданд.
Кумак ба кишоварзон
МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии техникӣ ва бо мошинолоти кишоварзӣ таъмин намудани сокинони деҳот Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар вилояти Хатлон» ба мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия як трактори тамғаи МТЗ-82 бо испор, ду адад нақлиёти борбардор, даҳ адад ядак (тележка), шаш адад сихмола, се адад ғаллакӯб, 12 дастгоҳ барои ҷамъоварии хӯроки чорво, се адад техника барои шинонидан ва ду дастгоҳ барои ҷамъоварии картошка кумак намуд.
Ибратомӯзи маъракаи обуна
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кормандони Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб на танҳо дар миёни ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳия, балки дар миқёси минтақа аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба маъракаи «Обуна-2016» оғоз бахшиданд. Онҳо ба беш аз 200 нусха рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва соҳавӣ обуна шуда, дар ин маъракаи муҳим саҳми назаррас гузоштанд.
- Оғози саривақтӣ ва бомуваффақият ба анҷом расонидани маъракаи ҳамасолаи обуна барои кормандони Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ба ҳукми анъана даромадааст,- арз намуд зимни суҳбат сардори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Кӯлоб Ҳайдар Водиев.
Маҳсулоти хушсифат аз «Ганҷина-05»
ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷина-05» давоми соли ҷорӣ ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Корхона асосан ба истеҳсоли дару тиреза, витраж ва девора аз маводи пластикӣ машғул аст. Дар корхона панҷ коргар фармоиши мизоҷонро бо сифати баланд ва сари вақт иҷро менамоянд.
Корхона дорои панҷ дастгоҳи корӣ мебошад, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой оварда шудаанд.
- Ҳоло маҳсулоти корхона харидори зиёд дорад ва кормандон дар як рӯз 6-7 адад дару тиреза ва намудҳои зиёди маҳсулоти дигарро вобаста ба фармоиш тайёр мекунанд,- мегӯяд сардори сехи маҳсулоттайёркунӣ Абдураҳим Ванҷов. Ҳосили дилхоҳ рӯёниданд
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Картошкапарварони ноҳияи Ҷиргатол имсол ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Тавре аз суҳбат бо мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия Азиз Диёров маълум гардид, онҳо дар майдони 2224 гектар картошка кишт намуда будаанд, ки аз ҳар гектар 256,4 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.
- Муваффақияти картошкапарварони мо, пеш аз ҳама, дарёфти тухмии хушсифат аст. Дар миёни картошкапарварони ноҳия аз ҳама бештар картошкапарварони деҳоти «Ҷиргатол», хоҷагиҳои деҳқонии «Қарамиқ» ва «Лахш» ҳосил гирифтанд.Ният дорем, ки аз ҳисоби ҳосили гирифтаи онҳо барои соли оянда тухмии бештар захира намоем,- мегӯяд Азиз Диёров.
Ҷашни меҳргон дар Ясман
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)Бо ибтикори директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳоти «Ясман» Миъроҷиддин Орзуев дар саҳни ҳавлии муассисаи мазкур иди бузурги ниёгон — Меҳргон таҷлил гардид. Дар ин ҷашн аз тамоми деҳаҳои ҳудуди деҳот намояндагон ширкат варзиданд ва намунаи маҳсулоти бадастовардаи хешро ба намоиш гузоштанд. Омӯзгори куҳансоли деҳот Муҳаббати Ҷомӣ дар ҳузури иштирокчиён аз таърихи Меҳргон ҳикоя кард. Раиси Ҷамоати деҳоти «Ясман» иштирокдорони чорабиниро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт.
Ба фасли зимистон омодаанд
ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)Барои беҳтар гузаронидани фасли зимистони дарпешистода дар анборҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 360 тонна ангишт, 752 метри кубӣ ҳезум, 3000 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст, ки баробари 100 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 524 адад печи оҳанин, 192 адад гармидиҳандаи барқӣ ва 38 адад генератори барқистеҳсолкунанда мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор доранд.
Қадамҳои нахустини «Пайроҳаи хушбахтӣ»
КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ба муносибати «Соли оила» тибқи қарори раиси шаҳр дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» ба фаъолият оғоз кард.
Ҳадафи асосии ин ташкилот пешгирии ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, тарбия ва таҳкими оилаҳо, омӯзонидани фарҳанги оиладорӣ ба ҷавонон, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва дигар масъалаҳои марбут ба оила ва оиладорӣ буда, ба ҳайати он собиқадорон ва коршиносони соҳа, адибону ҳуқуқшиносон, намояндагони дин, омӯзгорони соҳибтаҷриба шомил гардидаанд.
Намоишнома аҳамияти тарбиявӣ дошт
ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар хонаи фарҳанги деҳаи Хоҷа Аълои деҳоти «Чоркӯҳ» намоишномае бо унвони «Номурод» пешкаши тамошобинон гардид, ки он аз ҷониби кормандони «театри халқии ба номи Иброҳимҷон Норматов»-и шаҳри Исфара ба саҳна гузошта шудааст. Намоишнома ба мавзӯи доғи рӯз — шомилшавии қисме аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бахшида шуда, аз рӯзгори як ҷавони номуроде қисса мекунад, ки ба панду андарзи падару модар гӯш надода, дар як давлати хориҷӣ бар асари ҷанги мухолифин бо давлатдорон ҷони худро бохтааст. Намоишнома аҳамияти баланди тарбиявӣ дошта, амали ношоистаи чунин ҷавонони гумроҳро сахт маҳкум мекунад.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91