Кумаки башардӯстона аз Қазоқистон
ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Бисту ҳафтуми ноябри соли равон Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 вагон кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Қазоқистонро қабул намуд. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, кумаки башардӯстона аз маводи ғизоиву масолеҳи сохтмонӣ иборат мебошад. Зикр гардид, ки Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳоро ба ниёзмандон тақсим менамояд.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ
СУҒД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») ҶДММ «Меваи тиллоӣ»- и шаҳри Исфара дар Намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизо ва нӯшокии «ПродЭкспо — 2015» дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус иштирок намуда, бо ҶДММ «Товарно-сырьевая компания»-и шаҳри Санкт- Петербург шартномаи дарозмуддати ҳамкорӣ баст.
Бино ба иттилои сармутахассиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ғайрат Қобилов, дар намоишгоҳ ҳамчунин ҶДММ «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодом, ҶСК «Абрикос»-и ноҳияи Ашт ва Кооперативи истеҳсолии «Искич»-и ноҳияи Ҳисор иштирок намуда, бо ширкатҳои гуногуни ҷаҳон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 2500 ширкат аз 65 давлати ҷаҳон иштирок намуд.
Ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳ
РОҒУН. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Тавре аз шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд, сокинони деҳоти «Қади об» ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳат якдилона ба ҳашар баромада, дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Ҷиргатол дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда, аз қабили олу, зардолу, себ ва чормағз мешинонанд. Онҳо то имрӯз зиёда аз 1400 бех ниҳол шинониданд ва тасмим гирифтаанд, ки то охири роҳи мошингарди минтақаи Обигарм ин корро идома диҳанд.
Суръати корҳои сохтмонӣ меафзояд
БАЛҶУВОН. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар ноҳия корҳои сохтмонӣ хуб ба роҳ мода шудааст. Алҳол дар як қатор иншоот, аз қабили қалъаи таърихии Мири Балҷувон, бинои маъмурии деҳоти «Тоҷикистон», бинои литсейи касбӣ — техникӣ, бинои маъмурии шуъбаи маориф, бинои маъмурии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Неругоҳи барқи обии хурди «Пушти Боғ»-и деҳоти «Сарихосор», роҳи автомобилгарди Балҷувон — Сарихосор ва ғайра корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Бунёди осоишгоҳ бо ташаббуси соҳибкор
ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар маркази ноҳия — шаҳраки Совет бо ташаббуси соҳибкор Эмомалӣ Мақсудов осоишгоҳи замонавӣ бунёд гашта истодааст, ки айни ҳол қисмати аввали он омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар қисмати дуюми бинои осоишгоҳ давом доранд. Осоишгоҳ дар навбати аввал барои он гурӯҳи истироҳаткунандагоне пешбинӣ шудааст, ки хоҳиши истифодаи лойи машҳури муолиҷавии ноҳияи Темурмаликро доранд.
Сехи истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ кард
ИШКОШИМ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бо ташаббуси соҳибкор Шайдо Амирбеков дар маркази ноҳия сехи истеҳсоли хиштҳои сементӣ (семблок) мавриди истифода қарор гирифт, ки рӯзе то 400 — 500 дона хиштҳои сементӣ истеҳсол менамояд. Шайдо Амирбеков дастгоҳи бетоншӯрӣ ва қолабро барои рехтани хиштҳо аз оҳанпораҳо сохтааст. Айни ҳол дар ин ҷо панҷ нафар бо кори доимӣ таъмин гаштаанд. Шайдо Амирбеков мегӯяд, ки агар талабот ба маҳсулоти истеҳсолкардааш зиёд шавад, метавонад истеҳсоли онро афзун намояд.
Роҳҳо таъмир шуданд
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо ташаббуси сокинони деҳоти «Ростровут» ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ даҳ километр роҳҳои осебдидаю ноҳамвори деҳаҳои Даҳкат — Дашти Хишекат ва Хишекат — Ростровут тахту ҳамвор ва шағалпӯш карда шуданд. Барои таъмири роҳҳо зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар таъмири роҳҳо, ки зиёда аз як моҳ тариқи ҳашар сурат гирифт, кумаки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия хеле калон аст.
Маҳалла бо оби нӯшокӣ таъмин шуд
ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ ва амалисозии лоиҳаҳои гуногун талош дорад, ки сокинони маҳалҳои наздисарҳадиро бо оби нӯшокӣ таъмин намояд. Айни ҳол дар маҳаллаи Бифотимаи Заҳрои деҳоти «Чоркӯҳ» ба масофаи 800 метр ноқилҳои қувваи барқ кашида шудааст. 24 симчӯби бетонӣ шинонда, трансформатори нав насб гардида, як ҳавзи оби нӯшокӣ бо ғунҷоиши 500 метри мукааб мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин ҳама имконият фароҳам меорад, ки ба наздикӣ 50 хоҷагии ин мавзеъ бо оби нӯшокӣ таъмин гарданд.
Таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ
НУРОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар ноҳия ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сиёсати давлат ва барномаҳои тарҳрезинамудаи Ҳукумати мамлакат диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад аз ҷумлаи фаъолон, омӯзгорон ва имом — хатибҳои деҳаҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил шудааст, ки тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар чойхона — фароғатгоҳҳо бо сокинони маҳал суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Оғози ҳар моҳ аъзои гурӯҳҳо аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастурҳои зарурӣ мегиранд ва дар асоси он маводи суҳбатҳоро тарҳрезӣ менамоянд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91