Хабарҳо аз кишвар

№167(3468) 07.12.2015

Ҷаласаи сайёр

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ»-и шаҳр ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вазъи сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии навоҳии минтақаи Кӯлоб бахшида шуда буд,  баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ тайи ду ҳафта бо роҳбарии муовини вазир Тоҷинисо Маҳмадова вазъи таълиму тарбияро дар муассисаҳои шаҳру навоҳии минтақа санҷида, барои баррасӣ ба ҷаласаи сайёр пешниҳод намуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин ҳолати кунунии муассисаҳои таълимии минтақа  мавриди таҳлил қарор дода шуд ва барои масъулони соҳа муҳлат муқаррар гардид, ки камбудиҳои ошкоршударо бартараф намоянд.

 Сохтмони бинои нави маъмурӣ

МУРҒОБ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Сохтмони бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Мурғоб» идома дорад. Бинои ҷамоат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешавад. Барои бунёди он  2,3 миллион сомонӣ харҷ мегардад.

Ҳайати кормандони Ҷамоати деҳоти Мурғоб то имрӯз дар бинои куҳна фаъолият менамоянд. Раиси ҷамоати деҳот Бейше Сеитбеков  гуфт, ки дар ҳудуди деҳоти мазкур ҳафт ҳазору 460 нафар зиндагӣ мекунанд, ки нисфи аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад.

  Бунёди боз як шаҳраки нав

МАСТЧОҲ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар шаҳраки «Суғдиён» дар масоҳати зиёда аз 1000 гектар шаҳраки нави «Меҳробод» барои 25 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд карда мешавад. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар шаҳраки навбунёд сохтмони се муассисаи таълимӣ, се кӯдакистон, як бунгоҳи тиббӣ, якчанд марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ, чоҳҳои амудӣ ва ҳавзҳои захиравии оби нӯшокӣ дар назар аст. Айни ҳол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеъ 2700 оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд.

 Ниҳолшинонӣ дар авҷ аст

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Кормандону мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва Хоҷагии ҷангали Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор бо истифода аз рӯзҳои гарми аввали моҳи декабр ба шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабз оғоз намуданд.

Тавре мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Насрулло Маҳмадалиев иттилоъ дод, бо иштироки аҳолӣ дар ҳудуди деҳоти «Навобод» 800 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, дар талу теппаҳои дараи Алмосӣ барои васеъ намудани ҳудуди ҷангал имрӯзҳо кор дар авҷ аст. Ҳоло дар ин ҷо 450 бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шудааст.

 Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ

ЧКАЛОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар шаҳраки Палос коргоҳи дӯзандагӣ мавриди баҳрабарбардорӣ қарор гирифт, ки дар он беш аз 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лолахон Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар ин ҷо занони маҳаллӣ ба дӯхтани сару либоси низомӣ машғуланд.

 Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои телевизион беҳбудӣ меёбад

 ТАВИЛДАРА. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)  Кормандони қитъаи техникии филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷиктелеком»-и ноҳия баҳри дастрасии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ҳоло фарогирии аҳолии ноҳия бо барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон 75 фоиз, Муассисаи давлатии «Телевизионии Сафина» 40 фоиз, Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» 32 фоиз, Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 30 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон панҷ фиристандаи мавҷҳои радиоӣ ва 31 фиристандаи гуногуниқтидори мавҷҳои телевизионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

 Истиқболи гарми ҳунармандон

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб меҳмони сокинони маркази вилояти Хатлон шуданд. Санъаткорони ин театри овозадор барои тамошобинон намоишномаи «Солори Аҷам»-ро, ки аз рӯи асари Файзи Ашӯр ба саҳна гузошта шудааст, дастовез оварданд.

Намоишнома ба муносибати 700-солагии орифи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби коргардони машҳури тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров таҳия  гардидааст. Намоишномаи мазкур давоми як ҳафта дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоиш дода шуд.

 Ярмаркаи ҷойҳои холии кор

ИСФАРА. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд,  дар литсейи касбӣ — техникии нефту гази шаҳраки Нефтобод ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод баргузор шуд. Дар ярмарка ҷамъ 287 нафар корҷӯён иштирок намуданд, ки нуҳ нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, 12 нафари дигар ба курсҳои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамчунин дар ин ҷо бо ибтикори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр барои 12 нафар занону духтарони хонашин курси омӯзиши адрасбофӣ кушода шуд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91