Тавсеаи ҳамкориҳо бехатарии парвозҳоро таъмин менамояд
ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» барои таъмир ва нигоҳдории ҳавопаймоҳояш бо ширкати «FL Technics» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд. Тибқи иттилои дастрасшуда, ширкати «FL Technics», ки ба нигоҳдории техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо машғул аст, дар чандин кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ намояндагӣ дорад. Ин ширкат ҳафтаи равон эълон кардааст, ки бо ширкати «Somon Air» барои чаҳор сол шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Тибқи иттилое, ки дар сомона дарҷ шудааст, давоми чор соли минбаъда «FL Technics» таъмир ва нигоҳдории ҳавопаймоҳои «Somon Air» -ро таъмин хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки «Somon Air»дорои ду ҳавопаймои Boeing 737CL ва чаҳор ҳавопаймои Boeing 737 NG мебошад.
Бунёди нимпайкараи Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар шафати рости роҳи Ховалинг — Кӯлоб, дар деҳаи Доробии деҳоти «Ҷонбахт» нимпайкараи сарбози шуҷои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сайдаҳмад Каримов гузошта шуд. Ёдовар мешавем, ки Сайдаҳмад Каримов савори аспи машҳураш Гули Бодом дар муҳорибаҳои шадиди зиддифашистӣ корнамоиҳои бемисл нишон дода, то ба шаҳри Берлин расидааст. Ӯ дар Тоҷикистон ягона сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, ки ба гирифтани се дараҷаи ордени Суворов шарафёб шудааст. Мавсуф миёни мардум бо тахаллуси Карим — қаҳрамон машҳур буд.
Масъулин баҳри рафъи камбудиҳо муваззаф шуданд
ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Наим Набизода дар деҳоти «Ҷавкандак» сурат гирифт. Дар он 26 нафар сокинони деҳот доир ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, тандурустӣ, баҳси ҳамсоядорӣ, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, камбудӣ дар таъмини барқ ва роҷеъ ба мушкилоти таъминот бо оби нӯшокӣ муроҷиат карданд.
Раиси шаҳр ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ҷавонон касб меомӯзанд
ТАВИЛДАРА. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар литсейи касбӣ — техникии № 4-и ноҳия 183 нафар ҷавонон, аз ҷумла 103 нафар духтарон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбҳои тракторчӣ, кафшергарӣ, ронандагӣ, муҳосибӣ ва дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли равон курсҳои мазкурро 222 нафар хатм намуда, ба истеҳсолот сафарбар шудаанд.
Машварати корӣ баргузор шуд
ҚАЙРОҚҚУМ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум машварати корӣ баргузор шуд, ки дар он таъмини нақшаи даромади андоз, касбомӯзии занону духтарон, таъсиси муассисаҳои нави илмомӯзӣ, истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа раиси шаҳр Матлубахон Амонзода раисони шаҳракҳо ва роҳбарони соҳаҳои марбутаро барои таъмини саривақтии нақшаҳо, ҷоннок намудани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва амсоли инҳо муваззаф намуд.
Баробарии гендерӣ дар таҳкими оила саҳмгузор аст
РАШТ. ( Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия — шаҳраки Ғарм дар мавзӯи «Баробарии гендерӣ» давоми се рӯз семинар баргузор намуд, ки дар он раисони кумитаҳои ноҳиявӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол иштирок намуданд.
- Мақсад аз баргузории семинар татбиқи самараноки механизмҳои ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва меъёрҳои конститутсионӣ, пойдории оилаҳо ва пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад, — гуфт дар суҳбат раиси Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маорифи ноҳия Шаҳодат Тавурова.
Роҳҳо мумфарш мешаванд
ИСФАРА. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Имрӯзҳо мумфаршкуниву таъмири ҷории роҳҳо дар ҳудуди кӯчаҳои деҳаи Чоркӯҳ идома дорад. Бояд гуфт, ки дар қатори роҳи асосӣ роҳҳои дохили деҳа низ таъмиру асфалтпӯш карда мешаванд.
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ» Абдухалил Шарифов гуфт, ки дар ин амали хайр сокинони деҳа низ ҳиссагузорӣ намудаанд. Барои таъмири роҳҳо ва дастгирии аҳолӣ кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Чоркӯҳ» беш аз 100 тонна асфалт харидорӣ кардааст. Таъмири ҷории шоҳроҳи «Исфара — Ворух», ки аз ҳудуди деҳоти «Чоркӯҳ» мегузорад, низ дар нақша аст.
Роҳхат ба даври минтақавии олимпиада
ШАҲРИНАВ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия давоми соли хониш олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуд. Даври ҷамъбастии олимпиада дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия баргузор гардид. Дар озмун довталабон аз рӯи 13 фан, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ, англисӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва ғайра сабқат намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада, ки дар шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, 110 нафар ғолибон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ карда шуданд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91