Тавсеаи бесобиқаи бунёди манзил дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Тибқи иттилои аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дастрасшуда, соли 2015 дар пойтахт 159 ҳазору 525 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Бино ба иттилои манбаъ, давоми ин муҳлат аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ дар масоҳати 53 ҳазору 919 метри мураббаъ (33,8 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 53 ҳазору 435 метри мураббаъ (33,5 фоиз), ҷамъиятҳои саҳомӣ 19 ҳазору 881 метри мураббаъ (12,5 фоиз), маблағгузориҳои хориҷӣ 13 ҳазору 883 метри мураббаъ (8,7 фоиз), маблағҳои аҳолӣ 11 ҳазору 404 метри мураббаъ (7,1 фоиз) ва маблағҳои давлатӣ 7 ҳазору 003 метри мураббаъ (4,4 фоиз) манзил бунёд шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 ҳазору 240 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Омодагӣ ба мавсими нав
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Омодагӣ ба мавсими нав дар идораҳои зертобеи Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб хуб ба назар мерасад. То имрӯз ҷиҳати иҷрои нақша — чорабиниҳои тирамоҳию зимистонаи солҳои 2015 — 2016 дар идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Фархор, Данғара ва Темурмалик кори муайян ба анҷом расидааст. Алҳол нақшаи тоза кардани шабакаҳои обрасонии Иттиҳодия ба андозаи 25 фоиз, заҳбуру заҳкашҳо 40 фоиз ва иншооти обтақсимкунӣ 55 фоиз иҷро гардидааст.
Истиқболи сазовори Рӯзи истиқлолият
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёд намудан ва ба истифода додани бештар аз 100 иншоот пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша, дар давоми сол ба фаъолият шурӯъ намудани 20 коргоҳи нави истеҳсолӣ, 20 бинои баландошёна, як бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои кормандони сохторҳои давлатӣ, меҳмонхонаи замонавӣ, 15 майдончаи варзишӣ, ду толори варзишӣ, чор майдончаи варзишӣ бо алафи сунъӣ, се кӯдакистони нав бо имкони қабули 240 нафар дар ҳар кадом, бунёди муассисаи таълимии нав, чор чойхона, тарабхонаю марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра дар назар аст.
Ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ
ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар маркази шаҳраки Совет курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ташкил шудааст. Дӯзандаи моҳир Ашӯрой Алаёрова шогирдонро тавассути дастгоҳҳои муосири дарздӯзӣ ба нозукиҳои ин ҳунар ошно месозад. Ба роҳ мондани чунин курсҳои муфиди касбомӯзӣ дар марказҳои дигари деҳоти ноҳия низ ба назар гирифта шудааст.
Парвариши гулҳо барои зебоии муҳит
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар гармхонаҳои Корхонаи фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон»-и ноҳияи Ҳисор асосан намудҳои гуногуни гули садбарг парвариш карда мешавад. Тибқи нақшаи корхона, дар мавсими имсола барои зебогии муҳити зисти маркази ноҳия бояд беш аз як миллион адад гулҳои ҳархела шинонида шавад. Корхонаи мазкур дорои нуҳ адад техникаи ёрирасон мебошад. Тозагиву ободии биноҳои осорхонаву китобхонаи марказӣ, қасри фарҳанги ноҳия ва дигар иншооте, ки дар рӯзҳои ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор ба истифода дода шуд, зери назорати доимии кормандони корхона қарор доранд.
Мулоқот бо хатмкунандагон
АШТ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид. Вохӯриро раиси ноҳия Азимбой Азизӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт, ки чунин чорабинӣ дар ноҳия бори аввал гузаронида мешавад ва имкон медиҳад, ки зимни интихоби ихтисосҳо довталабон ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Сипас, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар бораи вазъи имрӯзаи донишгоҳҳо ва ҷараёни омӯзиши илму дониш ибрози назар карданд. Хатмкунандагон роҷеъ ба имтиёзот, раванди таҳсил, маблағи шартнома, шароити хобгоҳҳо саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Маҳсулоти худӣ фаровонии бозорро таъмин менамояд
ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)Кормандони Ҷамъияти матлуботи шаҳр пайваста дар назди бозори «Қарияи боло»-и пойтахт ярмаркаи — фурӯши маҳсулоти тару тозаро ба роҳ мемонанд. Ҳоло дар бозори мазкур як килограмм картошка 1,40 сомонӣ, пиёз 1,60 сомонӣ, сабзӣ 0,70 сомонӣ ва гӯшт аз 25 то 29 сомонӣ арзиш доранд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 то 20- 25 фоиз арзон аст. Ҳамчунин дар ин ҷо аз тарафи Ҷамъияти матлуботи шаҳр ба хотири муътадил нигоҳ доштани нарх «Гӯшаи деҳқон» таъсис шудааст.
Муассисаҳои таълимӣ ва тиббии нав дар Бартанг
РӮШОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бо иштироки раиси вилоят дар деҳаи Разуҷи деҳоти «Бартанг» муассисаи таълимии замонавӣ ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он аз буҷети вилоят як миллиону 630 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарқ» бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар муҳлати як сол ба иҷро расонид. Муассисаи таълимӣ, ки барои 96 нафар хонанда бунёд гардидааст, аз шаш синфхона, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва ҳуҷраи компютерӣ иборат буда, бо таҷҳизоти таълимӣ, гармкунакҳои барқӣ ва аловӣ таъмин аст.
Ҳамчунин барои сокинони деҳаи номбурда бо маблағгузории Барномаи иҷтимоии инкишофи манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон як бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маркази савдои «Саодат» ба фаъолият оғоз кард
ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Маркази савдои «Саодат» дар соли нав ба фаъолият оғоз кард. Ин маркази савдо дар назди даромадгоҳи бозори «20-солагии Истиқлолият» ҷойгир шудааст. Тибқи иттилои мудири маркази савдо Гуланор Одилбекова, дар ин макон барои тоҷирон ва харидорон тамоми шароит фароҳам аст.
Рӯзи кории маркази савдои «Саодат» 15 соат муқаррар шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо даҳ нафар фаъолият мекунанд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91