Муаррифии маҷмааи «Сафед-Дара»
ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Дар Маркази тавонёбӣ – варзишии «SPA HAYT» бо иштироки масъулини сафоратхонаҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ маросими муаррифии маҷмааи сайёҳии «Сафед — Дара» баргузор гардид. Директори маҷмааи мазкур Б. Исҳоқов зикр намуд, ки «Сафед — Дара» дар муддати кӯтоҳ таъмиру навсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
Дар ин ҷо сайёҳон метавонанд аз меҳмонхонаи чорситораи замонавӣ, ки имкони ҷойгир намудани 250 нафарро дорад, мағозаҳои гуногун, тарабхона, нуқтаи иҷораи лавозимоти варзишӣ ва ғайра истифода баранд,- гуфт ӯ.
Озмуни «Суруди сарбоз»
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бахшида ба 23-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал — озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» баргузор шуд. Дар он сарбозони қисмҳои низомӣ, донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ ва коллеҷҳо, ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят иштирок намуда, дар васфи Ватан, Модар, Истиқлолият, Сулҳ, дӯстӣ ва матонату шуҷоати сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суруду таронаҳо хонданд.
Ҳадаф — дарёфти истеъдодҳои нав
СУҒД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Мутобиқи қарори раиси вилояти Суғд, ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои март — апрели соли 2016 байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фестивал — озмуни вилоятии «Фурӯғи ҷавонӣ» гузаронида мешавад, ки ҳадаф аз баргузор намудани он дарёфти истеъдодҳои нав ва дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ифтихори ватандорӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад.
Иншооти нав ба истиқболи ҷашни Наврӯз
АШТ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Сохтмончиёни ноҳия азм доранд, ки дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» панҷ иншооти ҷашниро, аз қабили Кохи фарҳанг бо 800 ҷойи нишаст ва чойхонаи замонавӣ дар шаҳраки Шайдон, 18 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №13-и деҳаи Хиштхонаи деҳоти «Понғоз», корхонаи намакистеҳсолкунӣ бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз сохта, ба истифода диҳанд.
Ҳамчунин, соҳибкор Пӯлодҷон Ашӯров сохтмони сардхона ва як маркази хизматрасониро дар маркази ноҳия ба зимма гирифтааст.
Қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо
НУРОБОД.(Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо мақсади шунидани арзу шикояти шаҳрвандон ва ёрии саривақтӣ ба онҳо раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан, муовинони раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо давоми ду ҳафтаи моҳи феврал дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қабули шаҳрвандонро баргузор менамоянд. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки сокинони деҳот дархост ва арзу шикоятҳояшонро пешниҳод ва мушкилоташонро ҳал намоянд.
Табобати гурда бидуни ҷарроҳӣ
ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») ҶДММ «Мадади Сино — 2007», воқеъ дар маркази шаҳр, асосан ба табобати бемориҳои гурда, безуриётии мардона ва буғуми зону, ки бо дастгоҳи артроскопӣ ва бидуни ҷарроҳӣ сурат мегирад, машғул аст. Тавре масъулини дармонгоҳ иттилоъ доданд, чунин дастгоҳ дар ҷумҳурӣ назир надорад. Дар ин муассисаи тандурустӣ дар як вақт метавонанд 15 нафар бо табобат фаро гирифта шаванд.
Дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузоранд
БАЛҶУВОН. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ду сол аст дар назди Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад, ки ба он 12 нафар зану духтари ҳунарманди деҳаҳои атрофи маркази ноҳия ҷалб шудаанд.
-Алҳол коргарони мо ба ҳунарҳои халқӣ, аз қабили наққошию гулдӯзӣ машғул мебошанд. Онҳо мақсад доранд, ки маҳсули дастони эъҷозофаринашонро дар рӯзи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба намоиш гузоранд,- мегӯяд сарвари маркази мазкур Чамангул Неъмонова.
Лоиҳаҳо амалӣ мегарданд
МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ҳоло дар ноҳия панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи то ин дам азхуднамуда се миллиону 534 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», аз қабили лоиҳаҳои хеле манфиатбахш барои аҳолӣ маҳсуб меёбанд. Ба воситаи маблағгузории лоиҳаҳои мазкур то ин дам ба ноҳия 75 трактори тамғаи «МТЗ» ва намудҳои гуногуни мошинолоти кишоварзӣ ворид шудааст.
Саҳми соҳибкорон муассир аст
ФАРХОР.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Соли 2015 дар ҳудуди ноҳия 28 иншооти хурду бузург аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша ва ватандӯст сохта, ба истифода дода шудааст. Айни замон дар деҳоти «Зафар» бо заҳмати соҳибкори маҳаллӣ Акбаршоҳ Неъматов сохтмони фабрикаи ресандагӣ барои коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, аз ҷониби соҳибкори маърифатпарвар Хуршед Нозимов сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1640 нафар хонанда дар маркази ноҳия ва аз ҷониби соҳибкори муқими Федератсияи Россия Диловар Муҳиддинов асфалтпӯш кардани роҳи Фархор — Сомониён идома дорад.
Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба «Соли фарди солим»
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бахшида ба «Соли фарди солим» дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр байни омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол ва шоҳмот доир гардид. Дар ин мусобиқа занон низ ширкат варзиданд. Аз рӯи намуди волейбол байни занҳо ҷойи якум насиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №14, ҷойи дуюм насиби МТМУ №24 ва ҷойи сеюм насиби МТМУ №2 гардид. Дар мусобиқаи байни мардҳо омӯзгорони МТМУ №16 ҷойи якум, МТМУ №15 ҷойи дуюм ва МТМУ №11 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91