Хабарҳо аз кишвар

№21 (3501) 16.02.2016

Мактаби нав дар Раҳмонобод

Дар шаҳраки Раҳмонободи деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 ба истифода дода шуд. Бинои мазкур бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохта, мавриди истифода қарор гирифт. То кунун толибилмони деҳаи Барсем, ки дар натиҷаи офати табиии моҳи июли соли 2015 хонаҳояшон пурра вайрон шуда буд, таҳсилро дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд идома медоданд.

Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои осебдидагони деҳаи Барсем дар шаҳраки навбунёди Раҳмонобод сохтмони бинои мактаби замонавӣ оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ  қарор ёфт. Мактаби мазкур дуошёна буда, аз даҳ синфхона, хонаи муаллимон ва синфхонаи компютерӣ барои 72 нафар иборат мебошад. Барои сохтмони мактаб 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Сокинони шаҳраки Раҳмонобод аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми ВМКБ изҳори сипос намуданд.

Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Ин маънӣ меҳвари асосии ҷаласаи ҷамъбастии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) буд, ки чанде пеш дар Маркази илму фарҳанги Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он ходимони давлатӣ, ҷамъиятӣ, олимону адибон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа, ки аъзои фаъоли ҶДРФТ мебошанд, инчунин роҳбарони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои маскуни Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар оғоз раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикис­тон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайра мақдам гуфт. Сипас,  муовини  раиси Ҷамъият Мушаррафа Шарипова роҷеъ ба фаъолияти  ҶДРФТ дар соли 2015 ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баҳри густариши ҳамкорӣ ва таҳкими дӯстӣ бо кишварҳои хориҷа корҳои назаррасеро анҷом додааст. Бо ташаббуси ҶДРФТ  таъсис ёфтани Ҷамъияти дӯстии «Кишварҳои Скандинавия — Тоҷикистон», нашри маҷмӯаи ашъори намояндагони ақаллиятҳои миллии маскуни Тоҷикистон ва тоҷикистониёни бурунмарзӣ бахшида ба 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузории Форум ва фестивали дӯстӣ таҳти шиори «Гуфтугӯйи халқҳо — гуфтугӯйи фарҳангҳо», Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими соли сипаришуда арзёбӣ гардиданд.

Дар ҷамъомад раисони ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои гуногуни дунё, ки теъдоди онҳо ба 23 адад мерасад ва сарварони марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои муқими кишвар ба сухан баромада, оид ба корҳои анҷомдодаи хеш маълумот доданд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Семинари омӯзишӣ барои тарроҳон

Дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  барои тарроҳони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он 32 нафар аз шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Роғун ва ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Файзобод иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо зикр намуд, ки фарҳанги пурғановати тоҷикон, тарзи рӯзгордорию пӯшидани сару либоси миллӣ,  матоъҳои рангорангу ороишоти хос мақому мартаба ва саҳми мардуми моро дар рушду такомули тамаддуни башарӣ муайян менамояд.

Ҳама имрӯз шоҳиди онанд, ки барои муаррифии фарҳангу забони миллат дар арсаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна талош меварзанд. Вале, бархе аз занону духтарони мо ба ҷойи муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд, ки хеле таассуфовар аст. Барои пешгирӣ аз ин раванд, боло бурдани ифтихори миллӣ саҳми тарроҳон бояд назаррас бошад. Биноан, ҳар чӣ бештар либосҳои миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем, то ки занону духтарон байни либосҳои миллӣ ва либосҳои бегона фарқ гузошта тавонанд.

Дар хотима омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар бораи арзишҳои фарҳанги ниёгон, зебоии пероҳани тоҷикона, арҷ гузоштан ба мероси миллати тоҷик ва ғайра сухан ронданд.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»