Ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбари давлат
Бо мақсади ба аҳолӣ расонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо Латифзода дар ҳайати намояндаи масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Нозим Буриев, сармутахассиси Раёсати таҳия ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, полковники милитсия Рустам Шафиъзода ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Д. Талабзода дар шаҳраки Ғарм, деҳаи Кочони деҳоти «Навдӣ», шаҳраки Навобод, деҳаи Порвоғи деҳоти «Тагоба» ва деҳаи Санги маликии деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода бо аҳолӣ вохӯриҳо баргузор намуданд.
Дар ин вохӯриҳо ҳозирин фаъолона ширкат варзида, бо самимият аз ҷонибдории сиёсати Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронданд.
Тибқи нақша гурӯҳи мазкур дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳот бо аҳолӣ чунин вохӯриҳоро доир менамояд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»
Тортҳои «Ниссо» — зебо ва болаззат
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи қаннодӣ бо номи «Ниссо» мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони он се сол пеш оғоз гардида буд, вале қариб ду сол танҳо барои тахту ҳамворкунии таҳҷойи он сарф шуд.
Барои таҷҳизонидани корхона аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 40 ҳазор сомонӣ грант ҷудо гардид. Роҳбарии корхонаро соҳибкорон Марҳаматниссо Атобекова ва ҳамсараш Сафар Имроншоев ба уҳда доранд. Ҳоло дар корхона 15 нафар соҳиби ҷойи кор гаштаанд, ки 80 фоизи онҳо маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд ва ҳар моҳ зиёда аз 600 сомонӣ маош мегиранд.
Корхона 20 намуди шириниро, ба мисли тортҳои «Мевагӣ», «Сникерс», «Асалин», «Прага» ва ғайра тайёр менамояд, ки хеле арзон мебошанд.
- Соли равон агар корамон ривоҷ гирад, мехоҳем боз чанд нафар аз маъюбонро бо ҷойи кор таъмин намоем. Ҳамчунин, ният дорем, ки дар назди корхона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд як қаҳвахона сохта, мавриди истифода қарор диҳем, — мегӯяд Марҳаматниссо Атобекова.
Ш. ШОҲтолиб, «Садои мардум»
Бонувон ҳунар меомӯзанд
Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2011 — 2015» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳунарҳои миллии ниёгон, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ аҳамияти калон дода мешавад. Бино ба гуфтаи мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Шуҳрат Набиев, занон ба ин ҳунарҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси соҳибкор Биҳомида Абдуллоева дар шаҳраки Пролетар сехи қолинбофӣ кушода шуд ва дар он 20 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳунарҳои дастии миллиро меомӯзанд. Дар сехи мазкур рӯйпӯши бистар истеҳсол мешавад.
Инчунин, дар деҳоти «Ғӯлакандоз» Маркази рушди бонувон – «Зебо» фаъолият мекунад, ки дар он занон касбҳои дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва чакандӯзиро аз бар мекунанд. Айни ҳол 50 нафар занону духтарони деҳот дар ин марказ бо кори доимӣ таъмин гаштаанд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»