Тадбири навбатӣ барои фаъолият дар зимистон
ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои баланд бардоштани тахассуси касбӣ бо иштироки намояндаи ширкати «Lufthansa»-и Олмон Александр Черепанов, ки дар Фурудгоҳи «Бориспол»-и Украина фаъолият дорад, дарсҳои назариявӣ ва амалӣ баргузор шуданд.
-Барои кормандони соҳаи ҳавопаймоӣ фасли зимистон давраи пурмасъулият аст. Қабул ва гусели ҳавопаймоҳо заҳмати иловагиро тақозо менамояд. Дар рафти дарсҳои назариявӣ ва амалӣ А. Черепанов ба дараҷаи дониш ва кордонии мутахассисони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баҳои баланд дод. Боиси тазаккур аст, ки хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ яке аз бахшҳои калонтарини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шумор меравад. Базаи техникии хадамот дорои мошин ва механизмҳои зиёд буда, 50 адади он техникаи махсус аст, ки дар мавсими сармо истифода мешавад,-гуфт ба хабарнигорамон котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе М. Шодиев.
«Зарафшон» бо кор таъмин мекунад
ПАНҶАКЕНТ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғд саҳми арзанда дорад. Давоми 11 моҳи соли равон дар корхона ба маблағи беш аз 325 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Айни замон дар ин ҷо 2210 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият доранд, ки музди миёнаи онҳо 1824 сомониро ташкил медиҳад.
Чуноне ки директори корхона Ли Фен иброз медорад, ширкати «Зичин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифтааст, ки дар давоми солҳои 2013-2016 барои рушди ҶДММ КМ «Зарафшон» ба қадри 200 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо намояд. Дар сурати татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда боз 500 нафари дигар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Мушкили мардум осон гардид
АШТ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳаи Даҳанаи шаҳраки «Шайдон» кӯпруки нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он ду соҳили сойи марказиро ба ҳам пайваста, мушкилоти сокинони маҳаллиро осон сохт.
Кӯпруки нав 50 метр дарозӣ дошта, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми як идда ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони маҳалливу фаъолони деҳот дар зарфи ҳамагӣ 50 рӯз бунёд гардид. Барои сохтмони он зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи кӯпрук роҳбарияти ноҳия, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва фаъолон иштирок карданд. Дар ин ҷамъомад ташаббускорон, бинокорон ва ашхоси саҳми муносибгузошта соҳиби сипосномаву туҳфаҳои арзишнок гаштанд.
Муроҷиат бояд бенатиҷа намонад
ВАҲДАТ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амиров аввалин вохӯрии хешро дар доираи системаи «Равзанаи ягона» аз деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов оғоз кард. Зимни қабули шаҳрвандон 57 нафар сокинони деҳот ба ӯ бо дархосту хоҳишҳои гуногун муроҷиат карданд.
-Масъалаҳои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ва қитъаҳо барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, азнавсозии таълимгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ, ободонии роҳҳо ва ташкили нуқтаи хизматрасонии техникӣ асоси муроҷиати мардумро ташкил дод. Р. Амиров ҳалли ин масъалаҳоро иҷрошаванда ва зарурӣ шуморида, дар ин робита ба масъулин супориш ва дастурҳои мушаххас дод,- иттилоъ дод роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Исломи Ниёз.
«Чеҳраи Хатлон»
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Ба муносибати 80-солагии рӯзномаи вилоятии «Хатлон» китобе бо номи «Чеҳраи Хатлон» рӯйи чоп омад. Ин китоб бо заҳмату талоши рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода ба нашр расид. Тавре дар пешгуфтори китоб зикр гардидааст: «Рӯзномаи «Хатлон» дар тӯли 80 соли мавҷудияташ воқеияти рӯзро мисли оина инъикос кардааст. «Хатлон» дар ин ҳашт даҳсола чеҳраи Хатлон буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.».
Дар китоб маълумот оид ба фаъолият ва зиндагиномаи бисёре аз кормандони собиқ ва феълии рӯзнома гирд оварда шудааст. Ҳамчунин маводи хонданбобе аз эҷоди чанде аз қаламкашони нашрия, ки солҳои гуногун дар саҳифаҳои он руйи чопро дидаанд, ҷой дода шудаанд. Китобро ҳамчунин як асари тадқиқотӣ оид ба таърихи журналистикаи Хатлонзамин баҳо додан мумкин аст. Ин китоб бо сифати баланд ва теъдоди 1000 нусха нашр гардида, оид ба 120 корманди рӯзнома иттилоъ медиҳад.
Семинар — машварати муфид
ШАҲРИСТОН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар толори литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон вобаста ба пешгирии ҳодисоти номатлуби хариду фурӯши одамон ва коҳиш додани бекорӣ дар байни ҷавонон семинар-машварат баргузор шуд. Намояндагони раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, аъзои маҳфили «Сиёсатмадорони ҷавон» доир ба масоили мавриди баррасӣ ҳарф зада, оид ба ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин ҷода пешниҳодҳои хешро баён намуданд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои роҳҳои ҷалби ҷавонон ба интихоби касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Бонувони фархорӣ соҳиби маҷалла мешаванд
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Солҳои охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба рушди матбуоти маҳаллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон» миёни нашрияҳои 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ягона рӯзномаест, ки аз ҳама беш, бо теъдоди 3700 нусха, ба табъ мерасад. Ё худ нашрияи омӯзгорони ноҳия, ки муассисии онро худи раиси ноҳия ба уҳда дорад, моҳе ду маротиба дар ҳаҷми 1000 нусха рӯйи чоп меояд.
-Мо мақсад дорем, ки дар соли 2014 бо номи «Бонувони Фархор» маҷаллае таъсис диҳем, то ҳаёту фаъолияти бонувони ноҳияро ҳамаҷониба инъикос намояд,- иброз дошт дар суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раъно Мирзоева.
Дастоварди навбатии варзишгарони тоҷик
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Аз 18 то 23 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Хант-Мансийски Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон ва бонувони соли таваллуди 1994 ва аз ин боло доир гардид. Дар ин чорабинӣ узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс Мавзуна Чориева (60 кг), Гулфина Урунова (64 кг), Шаҳриёр Ахмедов, Анвар Юнусов (60 кг), Фурқатҷони Одилхон (64 кг) , Мирҷамол Ғиёсов (81 кг), мураббӣ Баҳром Усмонов ва сармураббӣ Мирзо Шамсиев ширкат карданд. Дар ин қувваозмоӣ Анвар Юнусов соҳиби медали тилло ва Мавзуна Чориева сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-85-91.